Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми Клуби футболи «Истиқлол» оид ба футболи хурд, ки ҷоизапулияш 70 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, бозиҳои даври навбатӣ баргузор шуданд.
Дар бозии мавқуфгузоштаи даври якум дастаи «Динамо-2» бар «Фароз» бо ҳисоби калони 11 бар 5 ғолиб шуд. «Ориёнбонк» бошад дастаи «Газпром-нефт»-ро бо ҳисоби 4 бар 1 ва «Амонатбонк» бар «Формула-55» бо ҳисоби 5 бар 2 пирӯз шуданд. Дастаи ФФТ-2 бо ҳисоби калони 1 бар 6 аз «Казкомбонк» мағлуб шуда «Спорткомитет» бо ҳисоби минималии 4 бар 3 бар дастаи «Дӯстӣ» пирӯз гардид. Дар бозӣ байни дастаҳои «Вавилон» ва ширкати мобилии ТСЕЛЛ аз ҳама ҳисоби баланди натиҷаноки мусобиқаи имсола ба қайд гирифта шуд. «Вавилон» бо ҳисоби калони 23 бар 3 ТСЕЛЛ-ро шикаст дод.
Барандаи феълии Ҷом дастаи «Антикоррупсия» бо ҳисоби 12 бар 5 дастаи Донишкадаи молия ва иқтисодро мағлуб сохт. Яке аз дастаҳои фаворити мусобиқа ФФТ-1 бошад, дар ин давр бар дастаи ДМТ бо ҳисоби калони 10 бар 5 пирӯз шуд. Дастаи дебютанти мусобиқа ТВ «Варзиш» дар рақобати пуршиддат аз «Фароз» бо ҳисоби 2 бар 3 мағлуб шуд. Инчунин дар ин давр дебютанти дигари мусобиқа дастаи «Дилкаш» аз суди ноҳияи Сино бо ҳисоби 1 бар 5 шикаст хӯрд.
Имрӯз, 15 –уми август, бозиҳои ҷамъбастии даври дуюми мусобиқа баргузор мешаванд ва дар онҳо дастаҳои «Истиқлол» бо «Гумрук», «Натсбанк» бо «Динамо»-2 ва «Динамо» бо «Инфонс» вомехӯранд.
Ҷоми Клуби футболи «Истиқлол» оид ба футболи хурд
Бозии мавқуфгузоштаи даври 1-ум
«Динамо»-2 – «Фароз» – 11:5
Даври 2-ум
Гурӯҳи «А»
«Ориёнбанк» – «Газпром-нефт» – 4:1
«Амонатбанк» – «Формула-55» – 5:2
Гурӯҳи «С»
ФФТ-2 – «Казкомбанк» – 1:6
Тселл – «Вавилон» – 3:23
Гурӯҳи «В»
«Дӯстӣ» – «Спорткомитет» – 3:4
Суди ноҳияи Сино – «Дилкаш» – 5:1
«Антикоррупсия» – Донишкадаи молия ва иқтисод – 12:5
Гурӯҳи «D»
ФФТ-1 – ДМТ – 10:5
ТВ «Варзиш» – «Фароз» – 2:3
15 август (душанбе)
Гурӯҳи «D»
«Натсбанк» – «Динамо»-2 – 18:00
Гурӯҳи «А»
«Динамо» – «Инфосис» – 19:00
Гурӯҳи «С»
«Истиқлол» – «Гумрук» – 19:00