Ҷоми “Истиқлол”: рақобатҳо шиддат мегиранд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми “Истиқлол”: рақобатҳо шиддат мегиранд

Дар сабқати ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми бошгоҳи футболи “Истиқлол”, ки ҷоизапулияш 70 ҳазор сомониро ташкил мекунад, бозиҳои марҳилаи 1/8 финалӣ доир шуданд.

Витсе-чемпиони феълии мусобиқа дастаи “Вавилон”, ки ду сол паиҳам дар финали Ҷоми “Истиқлол” бозӣ кард, имсол ғайриинтизор дар марҳилаи 1/8 ниҳоӣ ба мағлубият дучор шуд. “Вавилон” бозиро бо  “Казкомерсбонк” дар силсилаи зарбаҳои  пеналтӣ бо ҳисоби 4 бар 3 бохт. Вақти асосии ин вохӯрӣ мусовӣ 1 бар 1 анҷом шуд.

Чемпиони феълии мусобиқа дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бозии 1\8 финалӣ бар “Бонки миллӣ” бо ҳисоби бузурги 7 бар 2 пирӯз шуд. Дар марҳилаи 1/4 ниҳоӣ федератсиячиён бо “Бухоро” рақобат мекунанд.

 

Ҷоми “Истиқлол” оид ба футболи хурд

1/8 финал

ФФТ – «Бонки миллӣ» — 7:2

«Инфосис» — «Динамо» — 1:3

«Варзишгарон» — «Бухоро» — 2:7

«Истиқлол» — Суди ноҳияи Сино — 1:1. Бо пеналти — 3:1

«Антикоррупсия» — «Агроинвестбонк» — 3:2

«Ориёнбонк» — «Амонатбонк» — 3:2

ШТС — ФФД — 3:6

«Казкоммерсбонк» — «Вавилон» – 1:1. Бо пеналти — 4:3

 

Бозиҳои чорякфиналӣ

29 август (шанбе)

Бозии 1  — ФФТ – «Бухоро» — 18:00

Бозии 2  — «Динамо» — «Истиқлол» — 18:00

Бозии3  — «Антикоррупсия» — ФФД — 19:00

4 игра — «Ориёнбонк» — «Казкоммерсбонк» — 19:00

 

Бозихои нимфиналӣ

2 сентябр (чоршанбе)

Ғолб бозии 1  – Ғолиби бозии 3  — 18:00

Ғолиби бозии 2 – Ғолиби бозии 4 — 19:00

 

5 сентябр (шанбе)

Бозӣ барои ҷои сеюм — 18:00

Финал — 19:00

Добавить комментарий