Дар бозии финалии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2016, ки аз рӯи моҳият сеюмин сабқати бошгоҳӣ дар мамлакат маҳсуб меёбад, дастаҳои футболи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд вомехӯранд. Бозии ниҳоӣ рӯзи ҷумъаи 11 март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мегардад.
Рӯзи чоршанбеи 9 март бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми ФФТ доир гардиданд. Дар бозии якуми 1/2 финали дастаҳои КМВА “Помир”-и пойтахт ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода вохӯрданд. Замони асосӣ ва ду қисми изофии бозӣ мусовӣ ва бидуни гол анҷом ёфт. Дар задани силсилазарбаҳои пеналти бошад, бахти футболбозони дастаи шаҳри металлургҳои тоҷик баландӣ кард ва “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 5 бар 4 ғолиб гардида, ба бозии финалӣ баромад.
Дар бозии дуюми ниманиҳоӣ витсе-чемпони феълии мамлакат “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо “Вахш”-и Қӯрғонтеппа рӯбарӯ шуд. Ҳанӯз дар дақиқаҳои аввали бозӣ футболбозони хуҷандӣ ба задани зарбаи пеналти ҳуқуқ пайдо карданд. Аммо, зарбаи задаи Ҳасан Рустамовро дарвозабони “Вахш” Фатҳулло Бобоев дошта гирифт. Дар дақиқаи 28-уми бозӣ дастаи соҳили Сирдарё ба сафи пеш баромад. Сафаралӣ Каримов бо зарбаи сахту хеле зебо тӯбро вориди дарвозаи “Вахш” намуд. То охири қисми аввали бозӣ қӯрғонтеппагиҳо муваффақ шуданд, ки ҳисобро баробар созанд. Партофти хуби Аҳтам Ҳамроқуловро ҳамлагари соҳибтаҷрибаи “Вахш” Нумон Ҳакимов ба задани гол анҷом кард.
Баъд аз танаффус футболбозони “Хуҷанд” ба задани се голи дигар муваффақ шуданд. Як голро ҳамлагари мунтахаби миллии Тоҷикистон Фарҳод Тоҳиров ва ду голи дигарро ҳамдастаи ӯ Дилшод Бозоров ба самар расонданд. Қобили қайд аст, ки ҳар ду голи задаи Дилшод Бозоров бо партофтҳои Фарҳод Тоҳиров амалӣ шуданд. Дар дақиқаи 76 бозӣ хуҷандиҳо дар ҷаримагоҳи худ қоидаи бозиро муқобили Аҳтам Ҳамроқулов вайрон карданд. Сардовари бозӣ Диловаршоҳ Орзуев аз Ҳисор ҷаримаи пеналти таъин намуд. Зарбаи пеналтиро Умедҷон Шарипов иҷро кард. Аммо зарбаи ӯро ҳамдастааш дар мунтахаби миллӣ дарвозабон Алишер Тӯйчиеви соҳибтаҷриба ва бомаҳорат дошта гирифт. Ҳафт дақиқа пеш аз анҷоми вақти асосии бозӣ қӯрғонтеппагиҳо ба задани як гол муваффақ шуданд. Голро Эҳсон Бобоев зад. Ба ин тартиб, бозии дуюми ниманиҳоии Ҷоми ФФТ бо ҳисоби 4 бар 2 ба фоидаи дастаи соҳили Сирдарё анҷом ёфт.
Бозиҳои ҷамъбастии мусобиқа рӯзи ҷумъаи 11 март доир мешаванд. Дар ин рӯз соати 15:00 дар бозӣ барои ҷои сеюм КМВА “Помир” бо “Вахш” рақобат мекунад. Соати 18:00 бошад, дар бозии финали “Хуҷанд” бо Регар-ТадАз” вомехӯрад. Ҳамаи мухлисони футболро ба тамошои ин бозиҳо даъват мекунем!!!
Ҷоми ФФТ-2016. Бозиҳои ниманиҳоӣ
КМВА «Помир» – «Регар-ТадАЗ» – 0:0. Бо пеналти – 4:5
Силсилазарбаҳои пеналти: Бахтиёр Чориев – 0:0 (дарвозабон). Маҳамадалӣ Содиқов – 0:0 (болочӯб). Ҳикматулло Расулов – 0:1. Фурӯғ Қодиров – 0:1 (дарвозабон). Комрон Турсунов – 0:1 (дарвозабон). Фирдавс Чақалов – 1:1. Мехроҷиддин Музаффаров – 1:2. Рустам Толибов – 2:2. Дороб Эргашев – 2:3. Давронҷон Тухтасунов – 3:3. Бахтиёр Азимов – 3:4. Фирӯз Раҳматов – 4:4. Алишер Шарипов – 4:5. Фаррух Фузайлов – 4:5 (болочӯб).
КМВА «Помир» (Душанбе): Азимҷон Қараев, Фаррух Фузайлов, Фурӯғ Қодиров, Фирдавс Чақалов, Павел Калугин (Маҳмадалӣ Садиқов, 59), Комрони Мирзонаҷот, Андох Наполеон, Парвиз Кашкаров, Шамсиддин Қосимов (Рустам Толибов, 118), Давронҷон Тухтасунов, Шодибек Ғаффоров (Фирӯз Раҳматов, 65).
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Алишер Додов, Дороб Эргашев, Алишер Шарипов, Фарҳод Холбеков (Акуффо Гершон, 57), Бахтиёр Азимов, Расул Пайзов, Бахтиёр Чориев, Ҳикматулло Расулов, Фирӯз Қараев, Комрон Турсунов, Азиз Бегов (Меҳроҷиддин Музаффаров, 57).
Огоҳонида шуданд: Фирӯз Қараев, Бахтиёр Азимов («Регар-ТадАЗ»), Давронҷон Тухтасунов, Фирдавс Чақалов, Фирӯз Раҳматов (КМВА «Помир»).
Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»).
Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).
Нозири бозӣ: Эраҷ Носеҳов (Душанбе).
9 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 600 тамошобинон.
«Хуҷанд» – «Вахш» – 4:2
Голҳо: Сафаралӣ Каримов, 28 (1:0). Нумонҷон Ҳакимов, 40 (1:1). Дилшод Бозоров, 63 (2:1). Фарҳод Тоҳиров, 68 (3:1). Дилшод Бозоров, 74 (4:1). Эҳсон Бобоев, 83 (4:2).
Пеналтиҳои амалинашуда: Ҳасан Рустамов («Хуҷанд»), 14 – даровзабон, Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш»), 76 – дарвозабон.
«Хуҷанд» (Хуҷанд): Алишер Туйчиев, Сохибҷон Ҳакимов, Эраҷ Раҷабов, Манучеҳр Ахмедов, Далерҷон Тухтасунов, Сафаралӣ Каримов (Руслан Раҳматов, 77), Ҳасан Рустамов (Саидҷон Шарипов, 72), Илҳом Баротов (Марифҷон Марифбоев, 85), Дилшод Каримов, Фарҳод Тоҳиров (Шероз Абдуллоев, 90+2), Дилшод Бозоров (Мубинҷон Муминов, 90).
«Вахш» (Қӯрғонтеппа): Фатҳулло Бобоев, Фирӯз Ризомов, Холмурод Назаров, Мухтор Ортиқов, Бахтиёр Қаландаров (Тоҳир Зоиров, 18), Худойдод Узоқов (Умарҷон Шарипов, 72), Умедҷон Шарипов, Ҷамолиддин Зардиев, Эҳсон Бобоев, Нумонҷон Ҳакимов (Собир Холматов, 65), Аҳтам Ҳамроқулов.
Огоҳонида шуданд: Нумонҷон Ҳакимов, Тоҳир Зоиров («Вахш»), Ҳасан Рустамов, Илҳом Баротов, Манучеҳр Ахмедов («Хуҷанд»).
Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Фарҳод Тоҳиров («Хуҷанд»).
Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор) – 8,1 хол.
Нозири бозӣ: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).
9 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 600 тамошобинон.
11 март (ҷумъа)
Бозӣ барои ҷои сеюм
Оғоз соати 15:00
КМВА «Помир» – «Вахш»
Финал
Оғоз соати 18:00
«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»