Оғози Ҷоми бошгоҳи футболи “Истиқлол” дар Душанбе – Федерация Футбола Таджикистана

Оғози Ҷоми бошгоҳи футболи “Истиқлол” дар Душанбе

Рӯзи шанбеи 8 август сеюмин Ҷоми бошгоҳи футболи “Истиқлол” оид ба футболи хурд оғоз ёфт. Дар мусобиқа 27 даста, ки мутобиқи қуръакашӣ ба чор гурӯҳ тақсим шудаанд, ширкат мекунанд. Ҷоизапулии мусобиқа 70 ҳазор сомониро ташкил мекунад.

Гурӯҳи «А»: Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Динамо», Федератсияи футболи Тоҷикистон, «Формула успеха», «Спитаменбонк», Суди ноҳияи Сино, «Дӯстӣ».

Гурӯҳи «В»: «Истиқлол», ЧП «Бухоро», «Бонки миллӣ», «Газпром-нефт», «Гумрук», Tcell, «Инфосис».

Гурӯҳи «С»: «Ҷаҳоннамо», «Сементи тоҷик», «Фароз», «Ориёнбонк», «Антикоррупсия», «Казкомбанк», ШТС.

Гурӯҳи «D»: «Вавилон», «Аэропорт», «Агроинвестбонк», Федератсияи футболи Душанбе, «Соро компания», «Амонатбонк».

DSC_0310DSC_0323Мусобиқа бо бозиҳо дар гурӯҳи “А” оғоз шуд. Яке аз дастаҳои пурқуввати мусобиқа “Динамо”-и пойтахт дар бозии ифтитоҳӣ бар “Дӯстӣ”  бо ҳисоби бузурги 12 бар 1 пирӯз шуд. “Формула успеха” бошад, бо ҳисоби 2 бар 1 дастаи “Спитаменбанк”-ро мағлуб сохт. Дар гурӯҳи “В” дастаи “Бухоро” бо ҳисоби минималии 1 бар 0 бар дастаи “Инфосис” дастболо шуда, “Бонки милӣ” алоқачиёни Tcell-ро бо ҳисоби теннисии 6 бар 1 шикавт дод. Дар бозӣ миёни дастаҳои “Газпром” ва “Гумрук” ғолиб маълум нашуд. Ин вохӯрӣ бо ҳисоби баробари 5 бар 5 анҷом ёфт.

_DSC3756_DSC3770Бегоҳ, дар маросими ботантанаи ифтитоҳи мусобиқа Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода баромад карда, ба дастаҳо барору комёбӣ ва бозии одилонаро таманно намуд.

 

Ҷоми бошгоҳи футболи “Истиқлол” оид ба футболи хурд

Даври 1-ум

8 август (шанбе)

Гурӯҳи «А»

«Динамо» – «Дӯстӣ» – 12:1

«Формула успеха» – «Спитаменбонк» – 2:1

Гурӯҳи «В»

«Бухоро» – «Инфосис» – 1:0

«Бонки миллӣ» – «Tcell» – 6:1

«Газпром-нефт» – «Гумрук» – 5:5

Гурӯҳи «D»

«Амонатбонк» – Федератсияи футболи Душанбе – 1:3

«Вавилон» – «Аэропорт» – 9:3

Гурӯҳи «С»

«Cементи тоҷик» – ШТС – 0:4

«Фароз» – «Казкомбонк» – 4:4

«Ориёнбонк» – «Антикоррупсия» – 1:1

Добавить комментарий