Хушбахтона, сафи футболбозони тоҷике, ки дар чемпионати кишварҳои дигар бозӣ мекунанд, як тан зиёд шуд. Капитани акнун собиқи «Истиқлол» ва тими миллии Тоҷикистон Нуриддин Давронов карераи бозикунияшро дар дастаи футболи «Дунав»-и Булғория идома медиҳад.
Нуриддин Давронов охири ҳафтаи гузашта ба қароргоҳи дастаи футболи кишвари Булғория ҳозир шуд ва имрӯз ба шартномаи клуб имзои худро гузошт. Клуби нави Нуриддин Давронов «Дунав» айни замон дар чемпионати Булғория бо 7 имтиёз мақоми дуюмро ишғол мекунад. Ҳамватани дигари мо Искандар Ҷалилов низ дар ҳамин даста баромад мекунад. Капитани мунтахаби миллии Тоҷикистон имкон дорад, рӯзи ҷумъаи 19 август, дар ҳайати дастаи наваш бозии аввалини худро гузаронад. Дар ин рӯз «Дунав» дар доираи даври чоруми чемпионати Булғория, дар сафар муқобили «Локомотив» (Горна), бозӣ хоҳад кард. «Локомотив»-и Горна айни ҳол дар ҷадвали чемпионати Булғория дар байни чордаҳ даста, мақоми даҳумро ишғол мекунад.
Ёдрас мешавем, ки Нуриддин Давронов сеюмин футболбози тоҷике шуд, ки дар чемпионати Булғория баромад мекунад. Ба ғайр аз Давронов ва Ҷалилов, дар чемпионати Булғория, дар ҳайати дастаи “Локомотив”-и Пловдив нимуҳофизи мунтахаби миллии Тоҷикисстон Парвизҷон Умарбоев низ бозӣ мекунад.