Нуриддин Давронов: «Аз «Истиқлол» рафтан мушкил аст, аммо ман боз мегардам» – Федерация Футбола Таджикистана

Нуриддин Давронов: «Аз «Истиқлол» рафтан мушкил аст, аммо ман боз мегардам»

Ниммуҳофиз Нуриддин Давронов баъд аз ба имзо расонидани шартнома бо клуби футболи “Дунав”-и Булғория, дар мусоҳиба бо сомонаи расмии клуби футболи “Истиқлол” аввалин таассуроташро чунин баён намуд:

-“Дар ҳайати дастае ба монанди “Дунав” баромад кардан бароям бисёр фараҳбахш аст. Ба роҳбарият ва сармураббии клуб барои даъваташон сипосгузорӣ баён мекунам. Махфӣ нест, “Истиқлол” –ро тарк кардан бароям бисёр мушкил буд. Маҳз,  ба воситаи “Истиқлол” айни замон ман дар ин ҷо, дар Русе ҳастам. Онҳо бозиямро дар ҳайати “Истиқлол” дида, маро ба Булғория даъват карданд.  Аз ҳамаи онҳое, ки маро дастгирӣ карданд, бисёр миннатдорам. Бахусус, аз президенти клуб Шоҳрух Саидзода, ки ҳама вақт ва дар душвортарин лаҳзаҳо маро дастгирӣ мекунад ва барои ба клуби футболи аврупоӣ гузаштанам монеъ нашуд. Ташаккури зиёд ба Ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Файзуллозода, ки ба ман кӯмак расонд. Вақте ки аз клуби футболи “Дунав” даъватнома гирифтам, бо президенти клуб сӯҳбат кардам ва ӯ маро фаҳмид. Қарор кардем, ки ба ҳайати дастаи кишвари Булғория гузаштан на танҳо ба фоидаи ман, балки дар маҷму ба фоидаи футболи тоҷик аст, бахусус ба фоидаи мунтахаби миллии Тоҷикистон. Мо, дар ин ҷо се кас ҳастем ва кӯшиш мекунем, ки сифатҳои беҳтарро нишон диҳем, то дар Аврупо низ ба футболбозони тоҷик таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд. Ҳар қадаре, ки шумораи бештари футболбозони тоҷик дар чемпионатҳои пурқувват бозӣ кунанд, мунтахаби миллӣ ҳамон қадар пурқувват мешавад. Бар замми ин, боварӣ дорам барои ба нишондодҳои баланди футболӣ расидани футболбозони наврасу ҷавон низ , дар Аврупо баромад кардани мо омили муҳим хоҳад шуд. Аллакай ба шаҳри Русе андаке ошноӣ пайдо кардам, ки дар ин шиносшавӣ ҳамдаста ва дӯсти ман Искандар Ҷалилов бароям ёрӣ намуд. Новобаста аз оне, ки карераи бозигариям дар оянда чӣ тавр сурат мегирад, дар ҳар ҳолат ман рӯзе боз бо эҳсосоти хуб ба “Истиқлол” бармегардам. “Истиқлол” барои ман бештар аз кулб аст. Ин даста барои ман бисёр азиз аст. Ба воситаи “Истиқлол” ман ба футболи калон роҳ ёфтам”, – иброз намуд Давронов.

Ҳаминро қайд мекунем, ки капитани мунтахаби миллии Тоҷикистон Нуриддин Давронов дар “Дунав” таҳти рақами 91 баромад хоҳад кард.

Добавить комментарий