Нумонҷон Юсупов: «Хати ҳуҷуми мо хуб бозӣ накард» – Федерация Футбола Таджикистана

Нумонҷон Юсупов: «Хати ҳуҷуми мо хуб бозӣ накард»

Сармураббии клуби футболи «Хуҷанд» Нумонҷон Юсупов сабабҳои бохти дастаашро дар бозии плей-оффи Ҷоми КФО-2016 аз «Аҳлӣ Ал-Халил»-и Фаластин шарҳ дод. Бозӣ рӯзи 9 феврал, дар варзишгоҳи «Дура»-и Ҳеврон баргузор шуда, бо ҳисоби минималии 1 бар 0 ба фоидаи соҳибони майдон анҷом ёфт. Ба ин тартиб, дастаи соҳили Сирдарё ба бозиҳои гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 баромада натавонист.  

Нумонҷон ЮСУПОВ, сармураббии «Хуҷанд»:

«Аввалан, дастаи ҳарифро бо ғалаба ва роҳхат ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа табрик гуфта, ба «Аҳлӣ Ал-Халил» дар оянда комёбиву ғалабаҳоро таманно дорам.  Оиди бозии имрӯза бошад, ҳаминро гуфтаниям, ки вақте ки як даста иштибоҳ мекунад, дигарӣ онро намебахшад. Мутаассифона, имрӯз бозигарони мо ба як иштибоҳ роҳ доданд, ки онро ҳарифон истифода карда ба задани гол муваффақ шуданд.  Дар ин бозӣ хати ҳучуми дастаи мо хуб бозӣ накард. Ҳамлагарон аз лаҳзаҳои қуллай истифода карда натавонистанд.  Нисбат ба бозии дигар хатҳои даста эътироз надорам. Дар қисми аввали бозӣ бачаҳо хуб бозӣ накарданд. Дар қисми дуюм бошад сатҳи бозӣ хеле беҳтар шуд, аммо боз мегӯям, ки хати ҳучуми мо бисёр бад ва заиф бозӣ кард».

Добавить комментарий