Наврасони тоҷик ҳамсолони туркманашонро шикаст доданд – Федерация Футбола Таджикистана

Наврасони тоҷик ҳамсолони туркманашонро шикаст доданд

Дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобии чемпионати футболи Осиё-2016, ки имрӯзҳо дар Дохаи Қатар доир шуда истодааст, мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар ҳамсолони худ аз Туркманистон бо ҳисоби бузурги 5 бар 1 пирӯз шуд. Пеш аз бозии даври ҷамъбастии мусобиқа бо мунтахаби наврасони соҳибони майдон, дружинаи Зайниддин Раҳимов имконияташро барои баромадан ба марҳилаи ниҳоӣ нигоҳ медорад.

Дар муқоиса бо вохӯрии аввал ба муқобили наврасони Ироқ (1:3) сармураббии мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон Зайниддин Раҳимов дар ҳайати аввалии даста ду тағийрот ворид сохт. Ба ҷои Шаҳром Абдуллоев ва Саидмухтор Азимов дар бозӣ бо Туркманистон Ҳусейн Нурматов ва Амир Иброҳимов аз дақиқаҳои аввал ба майдон баромаданд.

Дар бозӣ бо мунтахаби наврасони Туркманистон бачаҳои мо дар ҳуҷуми аввалин ба задани гол муваффақ шуданд. Тӯби ба ҷаримагоҳи мунтахаби наврасони Туркманистон партофтаи Ваҳдат Ҳаноновро Зиёвуддин Фузайлов бо гол анҷом дод. Дар дақиқаҳои аввали ба вақти асосии қисми якуми бозӣ иловашуда бошад, Ваҳдат Ҳанонов голи дуюми мунтахаби наврасони тоҷикро ба самар расонд. Қисми дуюми бозӣ низ бо бартарии пурра ва ҳуҷумҳои пайвастаи командаи Зайниддин Раҳимов оғоз шуд. Дар яке аз ҳауҷумҳо баъди зарбаи сахти Ваҳдат Ҳанонов тӯб ба пои бозигари мунтахаби наврасони Туркманистон Агаджан Ҷумаев бархӯрда вориди дарвозаи дастаи худашон шуд. Голи чоруми мунтахаби наврасони тоҷикро баъд аз партофти хуби Аваз Қамчинов Мубинҷон Муминов ба самар расонд. Голи панҷумро бошад, худи Аваз Қамчинов бо як маҳорати хеле олӣ аз муҳофизатгари туркман гузашта, ба нишон зад. Голи престижи мунтахаби наврасони Туркманистонро, дар дақиқаҳои охири бозӣ Қарабеков ба ҳадаф расонд.

Дар бозии дигар дар гурӯҳи “С” мунтахаби наврасони Ироқ ба дастаи соҳибони майдон, мунтахаби наврасони Қатар бо ҳисоби минималии 1 бар 0 пирӯз шуд. Голро Алаа Аднан Ҷаббор аз масофаи дур, бо зарбаи сахт вориди дарвозаи дастаи мизбони марҳилаи гурӯҳӣ намуд.

Ба ин тартиб, баъд аз ду давр мунтахаби наврасони Ироқ бо шаш имтиёз дар садри ҷадвали гурӯҳ қарор дорад. Мунтахабҳои наврасони Қатар ва Тоҷикистон бо се имтиёзӣ, мутаносибан зинаҳои дуюму сеюми ҷадвали гурӯҳро ишғол мекунанд. Наврасони Туркманистон, ки ду бозиро бохтаанд, дар зинаи охири квартети “С” қарор доранд.

Акнун дар даври ҷамъбастӣ мунтахаби наврасони мо бо соҳибони майдон, мунтахаби наврасони Қатар бозӣ мекунад. Ин бозӣ рӯзи якшанбеи 20 сентябр соати 16.00 бо вақти маҳаллӣ, ки баробари соати 18.00 ба вақти Душанбе аст, дар варзишгоҳи “Aspire Dome Indoor Stadium”- и Доха баргузор мешавад.

 

Чемпионати Осиё-2016 байни наврасони зери 16 сола. Марҳилаи интихобӣ

Гурӯҳи С

Даври 1-ум

ТОҶИКИСТОН – Ироқ – 1:3

ГолҳоФаридун Неъматов, 39 (1:0). Мохаммед Ридха, 45 (1:1). Мунтадхер Абдулсада, 45+2 (1:2). Алаа Аднан Ҷаббор, 68 (1:3).

Пеналтии амалинашудаСултоншо Мирзоев (Тоҷикистон), 36 – дарвозабон.

Тоҷикистон: Далер Азизов, Султоншо Мирзоев, Ваҳдат Ҳанонов, Далер Ёдгоров (капитан), Шаҳром Абдуллоев (Маҳмадзарифи Абдураҳим, 71), Зиёвуддин Фузайлов, Саидмухтор Азимов, Шервони Мабатшоев, Фаридун Неъматов, Мубинҷон Муминов (Аваз Қамчинов, 63), Манучеҳр Сафаров (Аслам Камолов, 59).

Огоҳонида шуданд: Далер Ёдгоров, Султоншо Мирзоев, Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров (Тоҷикистон), Али Ахмед Радха, Салех Махди Салех, Хабиб Мохаммед (Ироқ).

СардоварНивон Робеш (Шри-Ланка).

Нозири доварон: Насер Ал-Ғафорӣ (Урдун).

Комиссари бозӣАдриан Чан (Сингапур).

16 сентябрДоха.  «Aspire Dome Indoor Stadium». 100 тамошобинон.

 

ҚатарТуркманистон – 5:0

 

Даври 2-юм

ТуркманистонТОҶИКИСТОН – 1:5

ГолҳоЗиёвуддин Фузайлов, 3 (0:1). Ваҳдат Ҳанонов, 45+3 (0:2). Агаджан Ҷумаев, 50 – ба дарвозаи дастаи худ (0:3). Мубинвон Муминов, 67 (0:4). Аваз Қамчинов, 82 (0:5). Қарабеков, 85 (1:5).

Тоҷикистон: Далер Азизов, Султоншо Мирзоев, Ваҳдат Ҳанонов, Ҳусейн Нурматов, Далер Ёдгоров (Аваз Қамчинов, 55), Зиёвуддин Фузайлов (Саидмухтор Азимов, 46), Шервони Мабатшоев (Тоҳир Малодӯстов, 66), Фаридун Неъматов, Мубинҷон Муминов, Амир Иброҳимов, Манучеҳр Сафаров.

Огоҳонида шуданд: Мейлис Диниев (Туркманистон), Ҳусейн Нурматов, Манучеҳр Сафаров, Ваҳдат Ҳанонов (Тоҷикистон).

СардоварМарай Муҳаммад Ал-Аваджи (Арабистони Саудӣ).

Нозири доварон: Насер Ал-Ғафорӣ (Урдун).

Комиссари бозӣ: Адриан Чан (Сингапур).

16 сентябрДоха. «Aspire Dome Indoor Stadium». 100 тамошобинон.

 

ИроқҚатар – 1:0

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 Ироқ 2 2 0 0 4-1 6
2 Қатар 2 1 0 1 5-1 3
3 ТОҶИКИСТОН 2 1 0 1 6-4 3
4 Туркманистон 2 0 0 2 1-10 0

Даври 3-юм

20 сентябр (якшанбе)

18:00 – Қатар – ТОҶИКИСТОН

21:00 – Ироқ – Туркманистон

Эзлҳ: соати бозиҳо бо вақти Душанбе..

 

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

Узбекистон – Малдив – 8:0

Яман – Фаластин – 2:0

Даври 2-юм

Малдив – Яман – 0:6

Фаластин – Узбекистан – 0:6

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 Узбекистон 2 2 0 0 14-0 6
2 Яман 2 2 0 0 8-0 6
3 Фаластин 2 0 0 2 0-8 0
4 Малдив 2 0 0 2 0-14 0

Даври 3-юм

20 сентябр (якшанбе)

Узбекистон – Яман

Фаластин – Малдив

 

Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

Непал – Урдун – 2:1

Умон – Қирғизистон – 2:0

Даври 2-юм

Урдун – Умон – 2:0

Қирғизистон – Непал – 2:4

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 Непал 2 2 0 0 6-3 6
2 Урдун 2 1 0 1 3-2 3
3 Умон 2 1 0 1 2-2 3
4 Қирғизистон 2 0 0 2 2-6 0

Даври 3-юм

20 сентябр (якшанбе)

Непал – Умон

Қирғизистон – Урдун

 

Гурӯҳи «D»

Даври 1-ум

Арабистони Саудӣ – Бангладеш – 5:1

Даври 2-юм

Бангладеш – АМА– 1:6

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 АМА 1 1 0 0 6-1 3
2 Арабистони Саудӣ 1 1 0 0 5-1 3
3 Бангладеш 2 0 0 2 2-11 0

Даври 3-юм

20 сентябр (якшанбе)

Арабистони Саудӣ – АМА

 

Гурӯҳи «Е»

Даври 1-ум

Баҳрайн – Ҳиндустон – 0:5

Эрон – Лубнон – 3:1

Даври 2-юм

Лубнон – Баҳрайн – 1:2

Ҳиндустон – Эрон – 0:3

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 Эрон 2 2 0 0 6-1 6
2 Ҳиндустон 2 1 0 1 5-3 3
3 Баҳрайн 2 1 0 1 2-6 3
4 Лубнон 2 0 0 2 2-5 0

Даври 3-юм

20 сентябр (якшанбе)

Ҳиндустон – Лубнон

Эрон – Баҳрайн

 

Гурӯҳи «F»

Даври 1-ум

Сурия – Афғонистон – 2:2

Даври 2-юм

Кувайт – Афғонистон – 1:0

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 Кувайт 1 1 0 0 1-0 3
2 Сурия 1 0 1 0 2-2 1
3 Афғонистон 2 0 1 1 2-3 1

Даври 3-юм

20 сентябр (якшанбе)

Сурия  – Кувайт

 

Гурӯҳи «G»

Даври 1-ум

Тимори Шарқӣ– Шимолҷазираҳои Мариан – 8:0

Филиппин – Лаос – 1:6

Даври 2-юм

Шимолҷазираҳои Мариан – Малайзия – 0:13

Тимори Шарқӣ – Филиппин – 9:0

Даври 3-юм

Малайзия – Тимори Шарқӣ – 1:0

Лаос – Шимолҷазираҳои Мариан – 5:0

Даври 4-ум

Филиппин – Малайзия – 0:7

Лаос – Тимори Шарқӣ – 1:1

  Б Ғ М Т/Т И
1 Малайзия 3 3 0 0 21-0 9
2 Тимори Шарқӣ 4 2 1 1 18-2 7
3 Лаос 3 2 1 0 12-2 7
4 Филиппин 3 0 0 3 1-22 0
5 Шимолҷазираҳои Мариан 3 0 0 3 0-26 0

Даври 5-ум

20 сентябр (якшанбе)

Шимолҷазираҳои Мариан – Филиппин

Малайзия – Лаос

 

Гурӯҳи «Н»

Даври 1-ум

ҶХДК – Камбоҷа – 7:0

Таиланд – Сингапур – 5:0

Даври 2-юм

Камбоҷа – Таиланд – 0:1

Сингапур – ҶХДК – 0:3

Даври 3-юм

ҶХДК – Таиланд – 2:0

Сингапур – Камбоҷа – 3:1

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 ҶХДК 3 3 0 0 12-0 9
2 Таиланд 3 2 0 1 6-2 6
3 Сингапур 3 1 0 2 3-9 3
4 Камбоҷа 3 0 0 3 1-11 0

 

Группа «I»

Даври 1-ум

Хитой – Тайбэйи Чин – 1:0

Кореяи Ҷанубӣ – Макао – 17:0

Даври 2-юм

Макао – Хитой – 0:10

Тайбэйи Чин – Кореяи Ҷанубӣ – 0:6

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 Кореяи Ҷанубӣ 2 2 0 0 23-0 6
2 Хитой 2 2 0 0 11-0 6
3 Тайбэйи Чин 2 0 0 2 0-7 0
4 Макао 2 0 0 2 0-27 0

Даври 3-юм

20 сентябр (якшанбе)

Кореяи Ҷанубӣ – Хитой

Тайбэйи Чин – Макао

 

Гурӯҳи «J»

Даври 1-ум

Австралия – Гуам – 14:0

Ветнам – Мянма – 5:1

Даври 2-юм

Мянма – Австралия – 1:3

Гуам – Ветнам – 0:18

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 Ветнам 2 2 0 0 23-1 6
2 Австралия 2 2 0 0 17-1 6
3 Мянма 2 0 0 2 2-8 0
4 Гуам 2 0 0 2 0-32 0

Даври 3-юм

20 сентябр (якшанбе)

Мянма – Гуам

Австралия – Ветнам

 

Гурӯҳи «К»

Даври 1-ум

Муғулистон – Япония – 0:17

Даври 2-юм

Гонконг – Муғулистон – 5:2

Б Ғ М Б Т/Т И
1 Япония 1 1 0 0 17-0 3
2 Гонконг 1 1 0 0 5-2 3
3 Муғулистон 2 0 0 2 2-22 0

Даври 3-юм

20 сентябр (якшанбе)

Япония – Гонконг

Добавить комментарий