Дар Душанбе мусобиқа барои дарёфти мукофоти Мураббии шоистаи Тоҷикистон Владимир Ғуломҳайдаров байни наврасони солҳои таваллудашон 2002-2003 ҷамъбаст шуд.
Мусобиқа дар майдони эҳтиётии варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир гардид ва дар он шаш даста – МҶМОВ, Суғд, Хатлон, «Солор», «Авиатор» ва НТМ ширкат варзид.
Дар марҳилаи пешакӣ дастаҳои иштирокчӣ ба ду гурӯҳ тақсим шуданд ва аз ҳар гурӯҳ ду дастаи мақомҳои аввал ба бозиҳои ниманиҳоӣ роҳхат гирифтанд. Дар бозиҳои нимфиналӣ наврасони МҶМОВ бо ҳисоби 2 бар 1 бар «Солор» пирӯш шуданд ва «Авиатор» бо ҳамин ҳисоб бар дастаи наврасони вилояти Хатлон зафар ёфт.
Дар бозӣ барои ҷои сеюм дастаи вилояти Хатлон бо ҳисоби 3 бар 2 бар «Солор» ғолиб шуда, соҳиби медалҳои биринҷии мусобиқа гардид. Дар бозии ниҳоӣ бошад наврасони МҶМОВ бо роҳбарии сармураббӣ Сафар Раҳмонов бар ҳамсолонашон аз «Авиатор»-и пойтахт бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуда, медалҳои тиллоро ба даст дароварданд.
Дар маросими ботантанаи мукофотонӣ ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо ҷому медалҳо, диплому ифтихорномаҳо ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Алишер Раҳимов («Солор»), Беҳрӯзҷони Набиҷон (Хатлон), Аҳлиддин Исматов («Авиатор»), Аминҷон Раҳмонов ва Меҳрубони Абдурауф (ҳарду аз МҶМОВ) беҳтарин бозигарони дастаҳои иштирокчии мусобиқа эътироф шуданд. Инчунин, мураббиён Сафаралӣ Раҳмонов (МҶМОВ), Исмоил Саидов («Авиатор»), Сангак Шоев (Хатлон) ва Насим Набиев («Солор») бо тӯҳфаҳои қимматнок мукофотонида шуданд.