Дар аввалин бозиҳои марҳилаи пешакии мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон, ки рӯзи 7 май доир гардиданд, мизбонон дар чаҳор дидор пирӯзӣ ба даст оварданд ва ду бозӣ мусовӣ шуд.
«Саройкамар»-и Панҷ дар майдони худ «Равшан»-и Кӯлобро бо ҳисоби 5:1 шикаст дод. «Ҳулбук»-и Восеъ бар дастаи меҳмон – «Маҳаллаи 83»-и Душанбе – бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. «Эсхата»-и Хуҷанд дар майдони худ «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 4:1 мағлуб сохт. «Зарафшон»-и Панҷакент ба дарвозаи дастаи меҳмон – «Зарбдор»-и Исфара – шаш голи беҷавоб зад.
Бозӣ миёни дастаҳои «Локомотив-Помир»-и Душанбе – «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат бо ҳисоби 1:1 ва «Кӯктош»-и Рӯдакӣ – «Сомон»-и Данғара бо ҳисоби 2:2 хотима ёфт. Бозиҳои ҷавобии марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон рӯзҳои 16-17 май баргузор мешаванд.
Ғолибони ҷуфтҳо ба даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон роҳ меёбанд. Ҳашт дастаи лигаи олӣ – «Истиқлол» (Душанбе), «Ҳосилот» (Фархор), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Хуҷанд» (Хуҷанд), ССКА «Помир» (Душанбе), «Барқчӣ» (Ҳисор), «Вахш» (Қӯрғонтеппа) ва «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) – барои Ҷоми Тоҷикистон аз даври ҳаштякниҳоӣ мубориза мебаранд. Аввалин бозиҳои ҳаштякниҳоӣ 27-28 май, бозиҳои ҷавобӣ 1-2 июн доир хоҳанд шуд.
Бар асоси дастури мусобиқа барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2017 ба ҳаққи ширкат дар Ҷоми КФО-2018 мушарраф мешавад. Дар мавриди қаҳрамони кишвар ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардидани як бошгоҳ, дар Ҷоми КФО дар мавсими оянда ҷоизадори нуқраи мусобиқаи имсолаи лигаи олӣ ширкат хоҳад кард.
Ҷоми Тоҷикистон
Марҳилаи пешакӣ. Бозиҳои аввалин
«Локомотив-Помир» – «Ваҳдат» – 1:1
«Саройкамар» – «Равшан» – 5:1
«Ҳулбук» – «Маҳаллаи 83» – 2:1
«Кӯктош» – «Сомон» – 2:2
«Эсхата» – «Парвоз» – 4:1
«Зарафшон» – «Зарбдор» – 6:0