Рефери ФИФА Насрулло Кабиров аз Тоҷикистон дар бозии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2017 довар таъин шуд.
Довари 31 сола аз Норак ба рӯйхати доварони эҳтиётии Конфедератсияи футболи Осиё шомил гардид. Имсол ӯ аввалин бор дар бозии байналмилалӣ ба ҳайси довари эҳтиётӣ таъин шуд. Довари тоҷик ба сифати довари эҳтиётӣ бозии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО – 2017 дар гурӯҳи «А»-ро байни клубҳои футболи «Ал-Аҳлӣ» (АМА) ва ғолиби бозии плей-офф миёни «Истиқлол» (Эрон)/ «Ал-Садд» (Қатар) хизматрасонӣ хоҳад кард. Дар ин вохӯрӣ, ки рӯзи 20 феврал дар Дубай баргузор мегардад, Кабиров бригадаи доваронро бо роҳбарии сардовар Грин Петер Даниел аз Австралия кӯмак мекунад.
Лигаи чемпионҳои КФО-2017. Гурӯҳи «А». Даври 1-ум
«Ал-Аҳли» (АМА) – Ғолиби бозии плей-оффи ҷуфти «Истиқлол» (Эрон)/«Ал-Садд» (Қатар)
Сардовар: Грин Петер Даниэл (Австралия).
Ёварон: Натхан Александр Макдоналд, Антон Шчетинин (ҳарду аз Австралия).
Довари эҳтиётӣ: НАСРУЛЛО КАБИРОВ (ТОҶИКИСТОН).
Нозири доварон: Сринивасан Суреш (Ҳиндустон).
Комиссари бозӣ: Алӣ Ҷабраил (Фаластин).
20 феврал, Дубай