Насрулло Кабиров довари бозии Лигаи чемпионҳои КФО таъин шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Насрулло Кабиров довари бозии Лигаи чемпионҳои КФО таъин шуд

Рефери ФИФА Насрулло Кабиров аз Тоҷикистон дар бозии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2017 довар таъин шуд.

Довари 31 сола аз Норак ба рӯйхати доварони эҳтиётии Конфедератсияи футболи Осиё шомил гардид. Имсол ӯ аввалин бор дар бозии байналмилалӣ ба ҳайси довари эҳтиётӣ таъин шуд. Довари тоҷик ба сифати довари эҳтиётӣ бозии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО – 2017 дар гурӯҳи «А»-ро байни  клубҳои футболи «Ал-Аҳлӣ» (АМА) ва ғолиби бозии плей-офф миёни «Истиқлол» (Эрон)/ «Ал-Садд» (Қатар) хизматрасонӣ хоҳад кард. Дар ин вохӯрӣ, ки рӯзи 20 феврал дар Дубай баргузор мегардад, Кабиров бригадаи доваронро бо роҳбарии сардовар Грин Петер Даниел аз Австралия кӯмак мекунад. 

 

Лигаи чемпионҳои КФО-2017. Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

«Ал-Аҳли» (АМА) – Ғолиби бозии плей-оффи ҷуфти «Истиқлол» (Эрон)/«Ал-Садд» (Қатар)

Сардовар: Грин Петер Даниэл (Австралия).

Ёварон: Натхан Александр Макдоналд, Антон Шчетинин (ҳарду аз Австралия).

Довари эҳтиётӣ: НАСРУЛЛО КАБИРОВ (ТОҶИКИСТОН).

Нозири доварон: Сринивасан Суреш (Ҳиндустон).

Комиссари бозӣ: Алӣ Ҷабраил (Фаластин).

20 феврал, Дубай

Добавить комментарий