Нахустин нобарории “Истиқлол”, аввалин имтиёзи “Парвоз”… – Федерация Футбола Таджикистана

Нахустин нобарории “Истиқлол”, аввалин имтиёзи “Парвоз”…

Имрӯз, 15 август, бозиҳои даври дувоздаҳуми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Дар ин давр чемпиони амалкунандаи кишвар “Истиқлол”-и Душанбе аввалин имтиёзҳои худро дар мавсими имсолаи футбол аз даст дод.

Дружинаи Мубин Эргашев бозиро дар меҳмонӣ бо “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода мусовӣ ва бидуни гол анҷом кард. Дар мавсими имсолаи футбол ин нахустин бозиест, ки футболбозони дастаи пойтахт ба фатҳи дарвозаи ҳариф муваффақ намешаванд. Вохӯрӣ байни дастаҳои “Хайр” ва “Хуҷанд” низ мусовӣ 1 бар 1 анҷом ёфт. “Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ бо ҳисоби минималии 1 бар 0 бар КМВА “Помир” пирӯз шуд. Баъди ин ғалаба командаи Тоҳир Муминов ба зинаи сеюми ҷадвали чемпионат баромад. Дар ин давр аутсайдери чемпионат “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  имтиёзи нахустинро соҳиб шуд. “Парвоз” дар Истаравшан бозиро бо “Далерон-Уротеппа” мусовӣ 1 бар 1 анҷом дод.  “Барқи тоҷик” дар майдони худ “Вахш”-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби 2 бар 0 мағлуб кард.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 12-ум

«БАРҚИ ТОҶИК» «ВАХШ» 2:0

Голҳо: Сорбон Карамов, 16 (1:0). Сорбон Карамов, 68 (2:0).

Аз майдон хориҷ шудМуҳаммадҷони Ҳасан («Вахш»), 35 – барои таҳқири ҳайати доварон.

 

«РЕГАР-ТАДАЗ» «ИСТИҚЛОЛ» 0:0

 

«ХАЙР» «ХУҶАНД» 1:1

ГолҳоҶаҳонгир Эргашев, 20 (0:1). Маҳмадалӣ Содиқов, 85 (1:1).

Аз майдон хориҷ шуданд: Мехроҷиддин Музаффаров, Фазлиддин Сафаров («Хайр»), Сафаралӣ Каримов («Хуҷанд»), 87.

 

«ДАЛЕРОН-УРОТЕППА» «ПАРВОЗ» 1:1

ГолҳоҲикматулло Расулов, 78 – аз пеналти (1:0). Фирдавс Ҳоҷиев, 87 – аз пеналти (1:1).

 

«РАВШАН» КМВА «ПОМИР» 1:0

Гол: Ҳусейни Сӯҳробӣ, 38.

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 12 11 1 0 45-2 34
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 12 8 3 1 24-8 27
3 «Равшан» (Кӯлоб) 12 7 2 3 25-22 23
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 12 6 5 1 18-8 23
5 «Хайр» (Ваҳдат) 12 6 2 4 16-22 20
6 КМВА «Помир» (Душанбе) 12 4 2 6 8-14 14
7 «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) 12 3 3 6 14-18 12
8 «Барқи тоҷик» (Душанбе) 12 2 2 8 10-22 8
9 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 12 1 3 8 3-24 6
10 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 12 0 1 11 3-26 1

Нишонзанҳо: Манучеҳр ҶАЛИЛОВ («Истиқлол») – 13 гол, Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Равшан») – 11 гол Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ»), Фатҳулло ФАТҲУЛЛОЕВ («Истиқлол») –  7 голӣ, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд»), Шодибек ҒАФФОРОВ («Равшан») – 5 голӣ.

Добавить комментарий