Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 23-юми март, аввалин бозии худро дар мавсими соли 2017 дар шаҳри Риффаи Баҳрайн дар як бозии дӯстона бо тими мунтахаби ин кишвар бо ҳисоби 1:1 мусовӣ анҷом дод. Футболбозони мо аз оғози вохӯрӣ баъди голи задаи Манучеҳр Ҷалилов (4-ум дақиқа) бо ҳаммуалифии Ҷаҳонгир Алиев ба сафи пеш баромаданд. Ин гол метавонист ба футболбозони мо ғалабаро тақдим кунад, аммо дақиқаи сеюми вақти иловагӣ соҳибони майдонро аз бохт наҷҷот дод. Голи ҷавобиро Комил ал-Асвад ба нишон расонид.
Акнун футболбозони кишварамон 25-уми март аз Баҳрайн ба шаҳри Давҳаи Қатар барои гузаронидани бозии расмии интихобии Ҷоми Осиё-2019 бо дастаи мунтахаби Яман парвоз мекунанд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи Суҳейм бин Ҳамад гузаронида мешавад. Оғози вохӯрӣ соати 21:00 бо вақти Душанбе дар назар аст.
Бозии дӯстона
Баҳрайн – Тоҷикистон – 1:1
Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 4 (0:1). Комил ал-Асвад, 90+3 (1:1).
Тоҷикистон: Абдуазиз Махкамов, Давронҷон Эргашев (Ойбек Абдуғаффоров, 68), Сиёвуш Асроров, Амирбек Ҷӯрабоев, Искандар Ҷалилов (Ромиш Ҷалилов, 68), Аҳтам Назаров, Ҷаҳонгир Алиев (Нозим Бобоҷонов, 73), Фатҳулло Фатҳуллоев (Ҷаҳонгир Эргашев, 68), Умедҷон Шарифов, Парвизҷон Умарбоев (Дилшод Восиев, 68), Манучеҳр Ҷалилов (Давронҷон Тӯхтасунов, 68).
Довари майдон: Муҳаммад Мӯсо абу Лум (Урдун).
23 март. Риффа. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн.