Бегоҳи сешанбеи 12 июл, дар варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ва Қирғизистон (U-21) бо ҳисоби баробари 2:2 хотима ёфт.
Пеш аз оғози ин бозӣ ҳарду даста, инчунин ҳаводорони футбол хотираи собиқадори футболи тоҷик, собиқ бозигари дастаи «Энергетик»-и Душанбе Владимир Мордовинро, ки бар асари бемории вазнин ва тӯлонӣ 12 июл дар синни 68-солагӣ аз олам даргузашт, бо хомӯшии якдақиқаӣ пос доштанд.
Ҳисоби вохӯриро дар ин бозии дӯстона Амирҷон Сафаров, бозигари мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, дар дақиқаи 12-ум боз кард. Вале баъди шаш дақиқа капитани меҳмонон Султонбек Момунов аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ ҳисобро баробар намуд – 1:1. Дар дақиқаи 38-ум Худойдод Узоқов мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро боз ба пеш баровард. Голи дувуми меҳмононро Виктор Келм дар дақиқаи 56-ум ба ҳадаф расонд ва бозӣ бо натиҷаи мусовӣ – 2:2 – ба анҷом расид.
Ин бозӣ барои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон санҷише буд пеш аз мусобиқоти байналмилалии «CAFA Cup – U-19», ки аз 6 то 9 август дар шаҳри Тошканд бо ширкати дастаҳои кишварҳои аъзои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ барпо мегардад. Футболбозони ҷавони тоҷик дар ин мусобиқот таҳти раҳбарии сармураббӣ Виталий Левченко дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои мунтахаби ҷавонони Туркманистон (6 август) ва Эрон (7 август) бозӣ мекунанд.
Бозии дӯстона
Тоҷикистон (U-19) – Қирғизистон (U-21) – 2:2
Голҳо: Амирҷон Сафаров, 12 (1:0). Султанбек Момунов, 18 – аз пеналти (1:1). Худойдод Узоков, 38 (2:1). Виктор Келм, 56 (2:2).
Тоҷикистон (U-19): Фатҳулло Бобоев, Табрези Давлатмир, Қувватбек Равшанбеков, Доробҷон Эргашев, Кароматулло Саидов (Нумон Зокиров, 90+3), Ҳоҷибой Зиёев, Муҳаммадҷони Ҳасан, Худойдод Узоқов (Нуриддин Ҳамроқулов, 63), Амирҷон Сафаров, Эҳсони Панҷшанбе (Отабек Каримов, 59), Зиёвуддин Фузайлов (Ҳусейн Нурматов, 87).
Қирғизистон (U-21): Кутман Қадирбеков, Мустафа Юсупов, Данила Сокирченко, Аскарбек Салиев (Азим Азаров, 46), Султонбек Момунов (Давлятжан Баратов, 46), Александр Мишенко, Адилжон Абдураҳманов, Виктор Келм, Аманбек Манбеков, Элдар Молдожунусов (Владимир Казакбаев, 46, Гамзи Набиев, 88), Манас Карипов (Кадирбек Шаарбеков, 53).
Огоҳонида шудандя: Табрези Давлатмир, Қувватбек Равшанбеков, Ҳоҷибой Зиёев, Муҳаммадҷони Ҳасан (Тоҷикистон), Александр Мишенко, Адилжон Абдураҳманов, Давлятжан Баратов (Қирғизистон).
Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).
Ёварон: Насим Ҳамидов, Амирҷон Хоркашев (ҳар ду аз Душанбе).
Довари эҳтиётӣ: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).
Нозири доваролн: Раҳимҷон Шарипов (Душанбе).
Нозири бозӣ: Азизҷон Достиев (Турсунзода).
12 июл. Душанбе. Варзишгоҳи «Авиатор». 700 тамошобин.