Дар варзишгоҳи ҷамъияти маъюбони шаҳри Чкалов, ки соли гузашта аз тарафи Федератсияи футболи Тоҷикистон бунёд гашта ва бо иштироки президенти Тоҷикистон, пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт, бори аввал дар қаламрави вилоят мусобиқа оид ба футбол байни дастаҳои ҷамъиятҳои маъюбон ва инсонҳои имконияташон маҳдуд ҷамъбаст шуд.
Дар ин мусобиқа шаш даста аз шаҳру ноҳияи вилоят иштирок намуданд: шаҳри Чкалов, Истаравшан, Исфара, ноҳияҳои Спитамен, Мастчоҳ ва Зафаробод.
Дастаи маъюбони шаҳри Исфара бо 13 имтиёз ҷои аввалро ишғол намуд. Мастчоҳ бо 11 имтиёз зинаи дуюм ва Спитамен бо 5 имтиёз зинаи сеюмро ишғол карданд. Дар анҷом ба ғолибон Ҷом, медал, ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини аввали раиси ФФС Хуршед Ақдодов, муовини раиси ФФС Рустам Марофиев ва кормандони масъули ФФС Абдумалик Ғаффоров ва Аҳлидин Юнусов иштирок доштанд. Инчунин ба онҳо дастурхони идона ороста шуд.