Дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи маркази ҷумҳуриявӣ мусобиқа оид ба футболи занона бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии Модарон – 8 Март доир мегардад.
Ба иттилои роҳбари шӯъбаи футболи занонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилором Нусратуллоева, дар мусобиқа дастаҳои футболи занонаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок мекунанд. Қобили қайд аст, ки дар ин сабқат дастаи футболи духтаронаи (U-14) Тоҷикистон низ ширкат мекунад. Иштирок дар ин мусобиқа марҳилаи дуюми омодагии футболбоздухтарони тоҷик ба чемпионати минтақавии Осиё маҳсуб меёбад. Чемпионати минтақавии Осиё барои дастаҳои футболи духтаронаи то синни 14 сола моҳи апрели соли ҷорӣ дар Душанбе доир хоҳад шуд.
Мувофиқи қуръакашӣ ба гурӯҳи «А» дастаҳои футболбоздухтарони «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Вахш» (Қӯрғонтеппа), мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14) ва «Барқ» (Норак) шомил шуданд. Гурӯҳи «Б»-ро бошад, дастаҳои «Ласточка» (Душанбе), «Зебо» (Дӯстӣ), «Ситора» (Фархор) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ташкил доданд.
Мувофиқи низомномаи мусобиқа ғолибони гурӯҳ ба бозии финалӣ роҳхат мегиранд. Дастаҳои дар гурӯҳҳо зинаҳои дуюмро касб карда, барои ҷои сеюм рақобат мекунанд. Бозиҳо ду қисми иборат аз 35 дақиқагӣ. Бозиҳои ҳалкунандаи мусобиқа рӯзи якшанбеи 6 март доир хоҳанд шуд.
Тақвими бозиҳои мусобиқа:
Даври 1-ум
3 март (панҷшанбе)
9:00 – «Ласточка» – «Регар-ТадАЗ»
10:30 – «Вахш» – мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14)
12:00 – «Ласточка» – «Ситора»
14:00 – «Зебо» – «Регар-ТадАЗ»
Даври 2-юм
4 март (ҷумъа)
9:00 – «Норак» – «Хуҷанд»
10:30 – мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14) – «Вахш»
12:00 – «Регар-ТадАЗ» – «Ласточка»
14:00 – «Ситора» – «Зебо»
Даври 3-юм
5 март (шанбе)
9:00 – «Хуҷанд» – «Вахш»
10:30 – мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14) – «Норак»
12:00 – «Ласточка» – «Зебо»
14:00 – «Регар-ТадАЗ» – «Ситора»
6 март (якшанбе)
Бозӣ барои ҷои сеюм
9:00 – 2 «А» – 2 «Б»
Финал
10:30 – 1 «А» – 1 «Б»