Мунтахаби футзали Тоҷикистон бо витсе-чемпиони Осиё мусовӣ бозӣ кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби футзали Тоҷикистон бо витсе-чемпиони Осиё мусовӣ бозӣ кард

Имрӯз, 12 июл, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Тошканд бо витсе-чемпиони Осиё мунтахаби футзали Узбекистон бозии дӯстона анҷом дод. Вохӯрӣ хеле шавқовару диданӣ сурат гирифта бо ҳисоби баробари 3 бар 3 анҷом ёфт.

Дар ҳайати мунтахаби футзали Тоҷикистон се голро бозигари дастаи футзали «Карон» Файзалӣ Сардоров ба ҳадаф расонд. Қобили қайд аст, ки дар ин бозӣ футзалистони тоҷик ду маротиба ба пеш (1:0, 3:2) баромаданд, аммо ҳисоби ғолибиятро ба фоидаи худ нигоҳ дошта натавонистанд.

Бозиро футзалбозони тоҷик бо чунин ҳайат оғоз карданд: Фирӯз Бекмуродов – Дилшод Саломов, Мансур Мамедбабаев, Некрӯз Алиаҳмадов, Шавкат Ҳалимов.

Лозим ба ёдоварист, ки мунтахабҳои футзали Узбекистону Тоҷикистон рӯзҳои 13 ва 14 июл дар Токанд боз ду бозии дӯстона мегузаронанд.

 

Бозии дӯстона:

Узбекистон – Тоҷикистон – 3:3

Голҳо: Файзалӣ Сардоров, 6 (0:1). Акбар Усмонов, 7 (1:1). Дилшод Раҳматов, 8 (2:1). Файзалӣ Сардоров, 16 (2:2). Файзалӣ Сардоров, 23 (2:3). Дилмурод Шавкатов, 27 (3:3).

Узбекистон (панҷгонаи аввалӣ): Акмал Ҳазратқулов – Тоҳир Абдураззоқов, Алишер Иброҳимов, Машраб Одилов, Илҳом Ҳамроев.

Ивазкунандаҳо: Шавкат Иброҳимов, Дилшод Раҳматов, Дилмурод Шавкатов, Нодир Элибоев, Илҳом Раҷабов, Саид Ризо Миршарофов, Алан Аминов, Дилшод Ирсалиев, Элдор Ҳошимов, Акбар Усмонов.

Тоҷикистон (панҷгонаи аввалӣ): Фирӯз Бекмуродов – Дилшод Саломов, Мансур Мамедбабаев, Некрӯз Алиаҳмадов, Шавкат Ҳалимов.

Ивазкунандаҳо: Мурод Алиқулов, Умед Мирзораҳимов, Меҳрубони Тиллозода, Собирҷон Гуляков, Фирӯз Сангов, Фирдавс Тусматов, Раҳмоналӣ Шарипов, Умед Кузиев, Файзалӣ Сардоров, Фирӯз Юсуфзода.

12 июл. Тошканд. Маҷмааи варзишии «Узбекистон».

Добавить комментарий