Мухтор Қурбонов боз мураббии дарвозабонҳои «Истиқлол» шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Мухтор Қурбонов боз мураббии дарвозабонҳои «Истиқлол» шуд

Мураббии дарвозабонҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон Мухтор Қурбонов ба кори муараббигӣ дар «Истиқлол»-и Душанбе баргашт.

Ба иттилои сомонаи расмии бошгоҳи футболи пойтахт Мухтор Қурбонов, ки қаблан низ дар ситоди мураббиёни «Истиқлол» кор кардаст, боз ба ҳайси мураббии дарвозабонҳо ба даста  баргашт. ӯ дар ин вазифа Аслиддин Ҳабибуллоевро иваз намуд. Аслиддин Ҳабибуллоев бештар аз дуюним мавсим дар “Истиқлол” кар кард. Қурбонов, аллакай ба фаъолият шурӯъ карда, дар ҷамъомади омӯзишию машқии дастаи дар Алмосӣ иштирок дорад.

Добавить комментарий