Мубин Эргашев соҳиби литсензияи «Pro»-и Иттиҳоди футболи Аврупо шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Мубин Эргашев соҳиби литсензияи «Pro»-и Иттиҳоди футболи Аврупо шуд

Устоди «Истиқлол»-и Душанбе ва иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон Мубин Эргашев бомуваффақият имтиҳонҳоро супорида, соҳиби литсензияи тренерии «PRO»-и Иттиҳоди футболи Аврупо шуд.

Ба иттилои сомонаи расмии бошгоҳи футболи пойтахти кишвар, барои соҳиб шудан ба литсензияи мазкур, мутахассиси 42-солаи тоҷик давоми як сол дар курси тренерии Академияи мураббигарии Иттиҳоди футболи Россия таҳсил кард. Дар давоми таҳсили худ Эргашев дар якчнд сессияҳои омӯзишӣ, ки мавзуҳои амаливу назариявиро дар бар доштанд, иштирок кард. Тобистони имсол, дар доираи барномаи ин машғулиятҳо устоди «Истиқлол» дар «Валенсия»-и Испания таҷрибагузаронӣ кард.

Марҳилаи ҷамъбастии омӯзиш баррасии кори дипломӣ буд. Ҳар як шунаванда ва ё ҷӯяндаи литсензияи «Pro», дар назди ҳамкасбон аз рӯи мавзуи қаблан интихобнамудаш баромад намуд. «Омилҳои рушди футболи ҳозира» мавзуе буд, ки аз ҷониби мураббии тоҷик матрах шуд.

Дипломро оиди анҷоми барномаи литсензияи  «Pro» ба Мубин Эргашев, бозигари маъруфи рус, афсонаи зиндаи «Спартак»-и Москва Никита Павлович Симонян супорид. Симонян айни замон вазифаи  ноиби аввали президенти Итиҳоди футболи Россияро иҷро мекунад.

Дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар, устоди «Истиқлол»-и Душанбе Мубин Эргашев аввалин нафаре ҳаст, ки бонуфузтарин иҷозатномаи тренерии ҷаҳонро соҳиб шуд.

Ёдрас мешавем, ки Мубин Эргашев соли дуюм аст, ки паиҳам беҳтарин тренери футболи Тоҷикистон эътироф мешавад. Зери роҳбари ӯ «Истиқлол» дар мавими футболи 2014-2015 ҳашт ҷоиза – ду борӣ Ҷоми ФФТ, Ҷоми миллӣ, Суперҷом ва ҷоми чемпиониро ба даст давровард. Имсол Мубин Эргашев бо «Истиқлол»-и худ, ки барои бори аввал дар Ҷоми КФО иштирок дошт, то бозии финалии мусобиқа расид.

Добавить комментарий