Мубин Эргашев: «Мо ба ин бозӣ комилан омода ҳастем» – Федерация Футбола Таджикистана

Мубин Эргашев: «Мо ба ин бозӣ комилан омода ҳастем»

Рӯзи ҷумъаи 30 октябр дар арафаи баргузории бозии финалии Ҷоми КФО-2015 миёни «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва “Ҷоҳор Дарул Такзим” (Малайзия) дар меҳмонсарои «Хаятт Риҷенси Душанбе) нишасти хабарӣ доир гардид.

Дар нишасти хабарӣ сармураббии «Истиқлорл» Мубин Эргашев ба хабарнигорон иброз амуд, ки дастааш ба ин бозӣ комилан омода аст ва танҳо баҳри ғалаба талош хоҳад кард. Мубин Асрорович илова намуд: “Ин бозӣ барои мо бозии асосии мавсими имсола ба шумор меравад. Мо дар соли аввали ширкати худ дар ин мусобиқаи пурнуфуз то ба финал баромадем ва тақдири бозӣ дар дасти бачаҳост. Бояд тамоми кӯшишу ғайраташонро баҳри пирӯзӣ ба кор андозанд. Рақибамон дастаи хуб аст. Ба даста мутахассиси варзида раҳбарӣ мекунад. Якчанд бозигари “Ҷоҳор Дарул Такзим” ба ҳайати мунтахаби миллии Малайзия шомиланд. Ба ман легионерҳои даста писанд омаданд, бахусус, ҳамлагарҳои аргентинӣ Лусиано Фигероа ва Леандро Веласкес”.

Манучеҳр Ҷалилов, бозигари “Истиқлол”, иброз намуд, ки “мо барои аввалин бор дар чунин мусобиқа ширкат мекунем ва ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтаем, ки ин дар таърихи футболи тоҷик саҳифаи нав аст. Ба бозӣ хуб омодагӣ дидем, вазифаамон якто – ғолиб омадан аст, ки ба ин комилан бовар дорем”.

Сармураббии «Ҷоҳор Дарул Такзим», мутахасиси  шинохта Роберто Карлос Марио Гомес, ба хабарнигорон иброз намуд, ки “дастаҳое, ки ба финал мебароянд, барои пирӯзӣ мубориза мебаранд. Мо ҳам истисно нестем. Ба “Истиқлол” эҳтиром дорем, дастаи хуб аст. Мо кӯшиш мекунем, ки фардо бозии хуб нишон бидиҳем ва пирӯзӣ ба даст биёрем. Моро мизбонон хуш пазироӣ карданд, шароитҳои хуб барои мо фароҳам сохтанд. Ҳаво ҳам табъи дили мост. Танҳо аз як чиз нигаронем, ки дар майдони сунъӣ бозӣ мекунем. Мо ба ин одат накардаем. Вале бо “Истиқлол” дар як шароит қарор дорем. ”

Нимҳимоятгари «Ҷоҳор Дарул Такзим» Шафиқ Раҳим, капитани даста, ба хабарнигорон иброз дошт, ки рақибро аз рӯи тамошои бозиҳояш тавассути сабтҳои видеоӣ омӯхтаанд ва ба Душанбе ба умеди пирӯзӣ омадаанд.

Добавить комментарий