Мубин Эргашев: «Ман ҳамеша ба дастаи худ боварӣ дорам» – Федерация Футбола Таджикистана

Мубин Эргашев: «Ман ҳамеша ба дастаи худ боварӣ дорам»

Сармураббии «Истиқлол»-и Душанбе Мубин Эргашев дар нишасти матбуотии баъд аз бозӣ бо «Ал-Қадсия» (2:0) изҳор намуд, ки дастгирии ҳамаҷонибаи мухлисон ва омодагии ҷиддии бозигарон боиси ғалабаи дастаи ӯ бар ҳарифи пурқувват шуданд.

«Бозии имрӯза хеле зебо, тамошобоб ва шавқовару пуршиддат гузашт. Аз номи даста ба мухлисонамон барои дастгириашон изҳори сипос мекунам. Дар дастаи мо бозигароне ҷамъ омадаанд, ки қодиранд вазифаҳои мушаххасро бо сарбаландӣ иҷро намоянд. Ман ба дастаи худ боварӣ дорам. Мо ба ин бозӣ хуб омодагӣ дидем ва бачаҳо иродаи қавӣ нишон дода, дар интиҳо ба натиҷаи мусбат ноил шуданд. Баъд аз бозии даври аввал бо «Эрбил», ки мо дар майдони худ бо ҳисоби 1 бар 3 мағлуб шудем, сабти бозиро борҳо тамошо карда, роҳи ислоҳи камбудиву норасоиҳоямонро ҷустем. Имрӯз бошад, бештар эҳтиёткорӣ кардем, бахусус, дар лаҳзаҳое, ки ба тӯб бозигарони дастаи ҳариф соҳиб мешуданд.  Худоро шукр, ки ба камбудиҳо роҳ надодем ва дар ин бозии хеле муҳим ғолиб шудем. Аз ҳамаи бачаҳо барои бозии хубашон сипосгузорам».

Рашид АЛ-БЕДАЙХ, сармураббии «Ал-Қадсия»:

«Дастаи «Истиқлол»-ро ба ғалаба табрик мекунам. Дар қисми аввал бозӣ тақрибан баробар буд. Тӯб бештар дар нимаи майдон ҳаракат мекард. Ҳарду даста барои голзанӣ талоши зиёд карданд, вале дар нимаи аввал муваффақ нашуданд. Мо бояд аз ҳуҷумҳои ҷавобӣ пурсамар истифода мекардем, вале ин тавр нашуд. Дар қисми дувум соҳибони майдон маҳорати хуб нишон дода, тавонистанд аз ҳуҷумҳои ҷавобӣ пурсамар истифода кунанд ва голи дувумро ба дарвозаи дастаи мо заданд. Ин футбол аст. Дастаи пурқувват пирӯз мешавад. Имрӯз «Истиқлол» ҳамаҷониба пурзӯр буд ва ғолиб омад. Агар «Истиқлол» ҳамин хел бозияшро идома диҳад, дар марҳилаҳои баъдии Ҷоми КФО хеле дур меравад. Ба чемпиони Тоҷикистон комёбиҳоро таманно дорам».

Добавить комментарий