Мубин Эргашев: “Кӯшиш мекунем, ки дар Душанбе бозии хуб нишон диҳем” – Федерация Футбола Таджикистана

Мубин Эргашев: “Кӯшиш мекунем, ки дар Душанбе бозии хуб нишон диҳем”

Сармураббии “Истиқлол” Мубин Эргашев дар нишасти хабарии баъд аз бозии якуми нимфинали Ҷоми КФО-2015 бо СК “Кувайт” (0:4) назари худро нисбати бохти дастааш чунин баён кард:

– Дар маҷму, мо ҳамин гуна бозии душвору мушкилро интизор будем, – оғоз намуд сармураббӣ. – Ба бозӣ хуб омодагӣ дидем, аммо мутаассифона кор ранги дигар гирифт. Ҳисоби бозӣ як каме ғайриинтизор ва ба бозӣ мувофиқ нашуд. Шояд бисёриҳо розӣ нашаванд, аммо ман чунин мешуморам, ки мо ин гуна бохтро сазовор нестем. Ин худсафедкунӣ нест, аммо имрӯз ин 58 бозиест, ки дастаи мо дар мависми имсола онро бозӣ кард. Мутаассифона ҳамаи ин сарбориҳо зам мешаванд ва дар охири вохӯрии имрӯза онро мо пурра эҳсос кардем. Бози кардани  ду нафар бозигарони ҳайати асосии мо дар ин бозӣ таҳти суол қарор дошт. Се нафар бозигарони дигарамон ҷароҳат доштанд ва бо таъсири сӯзандору бозӣ карданд. Боду ҳавои ноуътадил ҳам асари худро гузошт. Аммо новобаста ба ин ҳама ҳисоби бозӣ набояд чунин калон мешуд. Бори дигар мегӯям, ки ин худсафедкунӣ нест, аммо давоми бозиҳоямон дар Ҷоми КФО мо шоҳиди он шудем, ки доварон ба дарвозаи дастаи мо аз ҳад зиёд пеналти таъин мекунанд, ки аксарашон баҳсбарангезанд. Дар ин бозӣ бошад, голи якуми ба дарвозаи мо задашуда баъд аз иҷрои тӯби бурҷие, ки умуман ҷой надошт. Хайр, ҳар чизе, ки шуд, акнун шуд. СК “Кувайт” дар айни ҳол пурқувваттарин дастаи мусобиқа аст ва ҳамкасби худро бо ғалабаи дастааш табрик мекунам.  Дар футбол ҳама чӣ шуданаш имкон дорад ва мо кӯшиш мекунем, ки қусури бохти имрӯзаро дар Душанбе ҷуброн кунем. Дар охир ҳаминро мехоҳам бигӯям, ки  дар соли аввали баромадаш дар ин мусобиқа то нимфинал баромадани “Истиқлол” аллакай дастоварди бузург аст, – гуфт, сармураббии дастаи пойтахт Мубин Эргашев.

Добавить комментарий