Мубин Эргашев гурӯҳи «Истиқлол»-ро дар Ҷоми КФО-2016 баҳогузорӣ кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мубин Эргашев гурӯҳи «Истиқлол»-ро дар Ҷоми КФО-2016 баҳогузорӣ кард

Сармураббии «Истиқлол»-и Душанбе Мубин Эргашев назари худро нисбати ҳарифони «Истиқлол» дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 баён сохт. Ёдрас мешавем, ки рақибони чемпиони мо дар гурӯҳи «В»-и мусобиқа, дастаҳои «Ал-Файсали» (Урдун), «Нафит Ал-Васат» (Ироқ) ва ғолиби ҷуфти  «Триполи» (Лубнон) – «Олой» (Қирғизистон) ҳастанд. Вохӯрии аввали худро дар доираи бозиҳои ин мусобиқа «Истиқлол» рӯзи 23 феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе муқобили «Ал-Файсали»-и Урдун мегузаронад.

«Ба назари ман, гурӯҳи мо нисбат ба гурӯҳҳои дигар андаке мураккабтар аст. Аммо на ба гунаи гурӯҳи соли гузашта. Дар соли аввали баромад, дастаи мо барои дигарон норӯшан буд, аммо ин бор ҳамаи ҳарифон ба мо ба таври дигар, ҳамчун фаворит менигаранд ва ба бозӣ муқобили «Истиқлол» низ ҷиддӣ омода мешаванд.  Дар мавсими нав ҳайати дастаи мо ба таври чашмрас тағийр мешавад. Аммо ин тағийрот дар самти фаъолияти даста чизеро иваз намекунад. Вазифаҳо чун пештара боқӣ мемонанд. Дар бораи ҳарифон бошад, ҳаминро гуфтаниям, ки дастаи Урдун таърихи бой дошта, хеле пурқуват аст ва дар раддабандии бошгоҳӣ низ хеле боло меистад. Бо «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ ҳам рақобат сахтро дар пеш дорем. Аз рӯи ахбороте, ким о дар даст дорем, шумораи зиёди бозигарони «Эрбил» ба ин даста гузаштанд. Ғолиби ҷуфти «Триполи» (Лубнон) – «Олой» (Қирғизистон)-ро низ нодида гирифтан, мумкин нест. Дар Ҷоми КФО дастаҳои суст бозӣ намекунанд.  Роҳбарияти «Исиқлол» ҳамеша дар назди даста вазифаҳои баландро мегузорад ва новобаста аз мақоми бозӣ, мо ҳамеша барои ғалаба кӯшиш мекунем», – иқтибос меорад, гуфтаҳои Мубин Эргашевро сомонаи расмии «Истиқлол».

Добавить комментарий