Мубин Эргашев: «Бохт дар бозии финалӣ таассуфовар аст» – Федерация Футбола Таджикистана

Мубин Эргашев: «Бохт дар бозии финалӣ таассуфовар аст»

Сармураббии «Истиқлол» Мубин Эргашев, баъд аз бохт ба дастаи «Ҷоҳор Дарул Такзим»-и Малайзия дар бозии финалии Ҷоми АFC-2015 ба хабарнигорон гуфт, ки аз ин бохт дар майдони худ хеле мутаассиф аст.

Мубин Эргашев аз ҷумла иброз намуд: “Бохт дар бозии ниҳоӣ ва он ҳам дар майдони худ хеле аламовар аст. Бачаҳо аз ин бохт хеле мутаассир шудаанд. Наметавонам бигӯям, ки нафаре дар ин бозӣ кӯшиш ба харҷ надод, фаъол набуд. Ба бачаҳои мо дар лаҳзаҳои охир зарбаҳои нишонрас намерасид. Мо, албатта, ин бозиро таҳлил мекунем. Одатан дар бохти даста ҳамеша мураббӣ гунаҳкор аст.Ман ба кори доварон дахолат намекунам, ин лаҳзаҳоро боз тамошо мекунем, вале аз се голи мо наход яктоаш ҳалол набошад?! Ба фикри ман дар қисми аввал як бор ва дар қисми дувум ду бор сардовар бояд ҷаримаи 11-метра таъин мекард, вале ӯ дар он ҷое буд, ки ин лаҳзаҳоро надид. Моро се бозии чемпионати кишвар ва бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дар пеш аст. Мо бояд мавсимро бомуваффақият анҷом бидиҳем.”

Добавить комментарий