Мубин Эргашев ба ваъда вафо намуда, “теғтароши тоҷикӣ” кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мубин Эргашев ба ваъда вафо намуда, “теғтароши тоҷикӣ” кард

Сармураббии “Истиқлол”-и Душанбе Мубин Эргашев ваъдаи ба мухлисони даста додаи худро пурра иҷро намуда, мӯи сарашро пок “теғтароши тоҷикӣ” кард.

Ёдовар мешавем, 20 феврал, ҳанӯз қабл аз шурӯи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2015, дар вохӯрӣ бо мухлисон, сармураббии клуби футболи пойтахт ваъда карда буд, ки дар сурати ба 1/4 финали мусобиқа баромадани “Истиқлол” мӯи сари худро пок “теғтароши тоҷикӣ” мекунад. Ва “Истиқлол” ба чорякфинал баромаду Мубин Эргашев ваъдаи додаашро иҷро кард. Браво, КОУЧ!!!

Ба аломати ҳамрайӣ бо сармураббӣ, мураббии калони даста Аслиддин Ҳабибуллоев ва маъмури “Истиқлол”, чемпиони ёздаҳкаратаи Тоҷикистон Одил Иргашев низ мӯи сари худро пок “теғтароши тоҷикӣ” карданд, ки ҳалолашон бод!!!

Добавить комментарий