Рӯзи сешанбеи 25 август дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Ҳаятт Риҷенси Душанбе” пеш аз бозии аввали 1/4 финалии Ҷоми КФО байни «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Паҳанг»-и Малайзия нишасти хабарӣ барпо гардид. Дар нишасти хабарӣ ба суолҳои хабарнигорон сармураббии “Паҳанг” Зайналобиддин Ҳасан ва устоди “Истиқлол” Мубин Эргашев посух доданд.
Аввалӣ шуда, сармураббии «Паҳанг» Зайналобиддин Ҳасан ба хабарнигорон иброз дошт, ки дастааш барои пирӯзӣ аз рӯи натоиҷи ду бозӣ мубориза мебарад. Вай умедвор аст, ки «Паҳанг» дар таърихаш саҳифаи тоза мекушояд ва барои аввалин бор ба нимфинали Ҷоми КФО роҳ меёбад. Ӯ инчунин илова намуд, ки “мо нисбати “Истиқлол” эҳтиром дорем ва боадабона бозӣ мекунем. Агар мо фардо бозиро мусовӣ анҷом бидиҳем, ин бароямон натиҷаи олӣ хоҳад шуд”.
Моҳд Разман Рослан, капитани “Паҳанг”, ба хабарнигорон баён дошт, ки ба Душанбе ба умеди натиҷаи хуб омадааст.
Баъдан сармураббии «Истиқлол», Мубин Эргашев, ба хабарнигорон гуфт, ки дастааш ба ин бозӣ пурра омодааст ва барои натиҷаи дилхоҳро соҳиб шудан талош хоҳад кард. Ӯ афзуд: “Фикр мекунам, ки мухлисон пазмони бозии байналмилалӣ шудаанд, зеро ки бозии охирини мо дар Ҷоми КФО се моҳ пеш доир шуда буд. Ба он нигоҳ накарда, ки “Паҳанг” бозиҳои охирашро дар чемпионати Малайзия бебарор анҷом дод, даста дар бозии байналмилалӣ сарҷамъ мешавад. Ба фикрам, бозӣ фардо хуб, вале душвор мегузарад. Якчанд бозии “Паҳанг”-ро тамошо кардем, ба ман ҳар чор легионери даста писанд омаданд. Аз он ҷумла Контии аргентинӣ, ки беҳтарин нишонзани бошгоҳ аст. Бозигарони маҳаллӣ низ хуб ҳунарнамоӣ мекунанд”.
Никола Стошич, дарвозабони “Истиқлол”, меҳмононро ба Душанбе хайра мақдам гуфт ва иброз намуд, ки “ба бозӣ хуб омодагӣ дидем, вазифаамон дар бозии аввал ғолиб омадан аст, то ки дар бозии ҷавобӣ ба мо осонтар шавад”.
Ёдовар мешавем, бозии аввали 1/4 финалии Ҷоми КФО байни “Истиқлол” ва “Паҳанг” рӯзи чоршанбе, 26 август, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 20:00 шурӯъ мешавад.