Мубин Эргашев ба ҷаласаи мураббиёни баргузидаи Осиё ба Шанхай даъват шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Мубин Эргашев ба ҷаласаи мураббиёни баргузидаи Осиё ба Шанхай даъват шуд

Собиқ сармураббии “Истиқлол”-и Душанбе ва мунтахаби миллии Тоҷикистон Мубин Эргашев, ки муҷаввизи мураббигарии “Pro”-и УЕФАро дорад, бо даъвати Конфедератсияи футболи Осиё дар ҷаласаи (форуми) мураббиёни баргузидаи (элитных  тренеров) қитъа иштирок мекунад.

Дар ин ҷаласа, ки аз рӯзҳои 1 ва 2-юми сентябр  дар Шанхайи давлати Чин баргузор мешавад, Конфедератсияи футболи Осиё 17 нафар мураббиёни баргузидаеро, ки дар қитъаи Осиё фаъолият доранд, даъват кардаст. Дар баробари Мубин Эргашев дар ин чорабинӣ инчунин мураббиёни шинохтаи ҷаҳонӣ Луис Фелипе Сколарии бразилиягӣ («Гуанчжоу Эвергранд», Чин),  Драган Стойковичи серб («Гуанчжоу Фули», Чин), Феликс Магати олмонӣ («Шандун Лунэн», Чин), Грегорио Мансано Балестероси испаниягӣ («Шанхай Шэнхуа»), Свен-Ёран Эрикссони швед («Шанхай Теллэйс», Чин), Златко Даличи хорват («Ал-Айн», АМА) ва чанде дигарон иштирок хоҳанд кард.

Қайд мекунем, ки мутахассиси ватании мо бори аввал аст, ки ба форуми мураббиёни баргузидаи осиёӣ даъват мешавад. Дар мавсими футболи соли гузашта, зери роҳбарии Мубин Эргашев “Истиқлол”-и Душанбе дар соли аввалини баромадаш дар Ҷоми АФК, ки аз лиҳози моҳият дуввумин сабқати бошгоҳии Осиё ба ҳисоб меравад, бомувафақият баромад карда, то бозии финалӣ роҳ ёфт. Ин натиҷа дар замони Соҳибистиқлолии Тоҷикистон баландтарин дастоварди бошгоҳии клубҳои футболи кишвар аст.

Добавить комментарий