Сармураббии “Истиқлол”-и Душанбе Мубин Эргашев ғалабаи дастаашро бо ҳисоби бузурги 4 бар 0 дар бозии аввали марҳилаи чорякниҳоии Ҷоми КФО бар “Паҳанг”-Малайзия дар нишасти хабарии баъд аз бозӣ шарҳ дода аз ҷумла чунин гуфт:
“Пеш аз ҳама мехоҳам ба мухлисон барои дастгирияшон сипосгузорӣ намоям. Бозигарони мо тамоми дастурҳоямонро дар бозӣ иҷро карданд. Аммо афсӯс, ки ҳамаи лаҳзаҳои қуллайи голзании созмондодаамонро амалӣ карда натавонистем. Албатта 4:0 – ҳисоби бузург аст, вале дар ин ҳолат ҳам суст шудан лозим нест. Мо бозии ҳарифро зиёд тамошо карда, хулосабарорӣ намудем. Паҳлӯҳои қавиву заифи онро барои худ ошкор сохтем. Ин ғалабаро бошад ба тамоми мардуми Тоҷикистон мебахшем!”
Капитани “Истиқлол” Дилшод Восиев ҳам нахуст ба мухлисон баро дастгирияшон миннатдории худро баён сохта иброз намуд, ки ин ғалаба барои ӯ ва ҳамдастаҳояш бисёр муҳим мебошад. Капитан инчунин изҳор кард, ки новобаста ба ғалаба бо ҳисоби бузург, онҳоро дар Малайзия бозии ҷавобии мушкил дар пеш аст ва ҳамаи бозигарони даста ин масъулиятро эҳсос мекунанд.
Дар нишасти хабарии баъд аз бозӣ сармураббии “Паҳанг” Зайналобиддин Ҳасан дар навбати худ ба хабарнигорон чунин гуфт: “Имрӯз “Истиқлол” нисбати мо хеле беҳтар бозӣ кард. Бозигарони мо аз рӯи нақша бозӣ карданд, аммо мутаассифона ба хатогиҳои ҷиддӣ роҳ доданд. Новобаста ба бохт бо ҳисоби калон, мо ба бозии ҷавобӣ умед мебандем. Агар “Истиқлол” чор гол зада бошад, мо низ ин имкониятро дорем. Футбол бозии пешгӯи нашаванда аст ва дар он ҳама чӣ шуданаш имкон дорад”.