Муҳсин Муҳаммадиев: “Акнун ҳама чӣ дар бозӣ бо “Олтин Асир” ҳал мешавад” – Федерация Футбола Таджикистана

Муҳсин Муҳаммадиев: “Акнун ҳама чӣ дар бозӣ бо “Олтин Асир” ҳал мешавад”

Сармураббии “Истиқлол”-и Душанбе Муҳсин Муҳаммадиев бозии шогирдони худро дар доираи даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 муқобили “Дордой”-и Қирғизистон, ки дар он командаи ӯ бо ҳисоби калони 4 бар 1 пирӯз шуд, чунин шарҳ дод:

 

— Мо бисёр хурсандем, ки дар ин бозӣ ғолиб шудем. Аз нигоҳи аввал бозӣ бисёр осону содда менамуд, ки ин тамоман дуруст нест. Ҳангоми ҳисоби бозӣ 2 бар 0 будан бачаҳои мо як андоза орому осуда шуданд ва футболбозони дастаи “Дордой” аз ин осудагии онҳо истифода карда, ба задани гол муваффақ шуданд. Баъдтар мо боз ду голи дигар задем. Натиҷа ба бозӣ мутобиқ аст. Ин мавсим дастаи мо дар шумораи зиёди бозиҳо иштирок дошт ва андаке мондашавии бачаҳо эҳсос мегардад. Акнун гуфта метавонам, ки тақдири роҳхати ягона ба даври навбатии Ҷоми имсолаи КФО аз гурӯҳи мо дар бозии даври ҷамъбастӣ бо “Олтин Асир” ҳал мешавад. Мо ба ин бозӣ омода хоҳем шуд.   

Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари “Истиқлол”, беҳтарин бозингари вохӯрӣ:

— Ташакккур ба мухлисоне, ки имрӯз дар варзишгоҳ моро дастгирӣ карданд. Ман муваффақ шудам, ки дар ин бозӣ се гол занам. Ин аввалин хет-трики ман дар Ҷоми КФО мебошад. Албатта, аз ин муваффақият хурсандам вале хурсандии ман бештар дар он аст, ки имрӯз мо ғалаба кардем. Барои баромадан аз гурӯҳ ҳамагӣ як қадам мондаст. Он гуна, ки мегӯянд рақобати охирин – рақобати душвортарин аст. 31 май дар бозӣ ба муқобили “Олтин Асир” вориди майдон шуда, танҳо дар бораи ғалаба фикр хоҳем кард. Мо дар хонаи худ бозӣ мекунем ва мухлисони зиёде ба ҳаводориямон меоянд. Ҳузури онҳо бошад ба мо нерӯ мебахшад ва мо ҳақи ноумед кардани мухлисони худро надорем.

Добавить комментарий