Яке аз серунвонтарин мураббиёни Тоҷикистон Маҳмадҷон Ҳабибуллоев боз ба кори мураббигӣ баргашт. Имрӯз, 14-уми июл, Ҳабибуллоев сармураббии «Ҳосилот»-и Фархор таъин шуд. «Ҳосилот» баъди қисми якуми чемпионати мамлакат байни дастаҳои лигаи олӣ зинаи дуюмро ишғол мекунад.
Оиди ба ин вазифа таъин шудани Ҳабибуллоев раиси клуби футболи «Ҳосилот» Нурулло Маҳмудов хабар дод. Маҳмадҷон Ҳабибуллоевро дар «Ҳосилот» Маъруф Рустамов ва Алиёр Ашӯрмамадов кӯмак мекунанд.
Қобили қайд аст, ки Маҳмадҷон Ҳабибуллоев қаблан дар «Ҳосилот» ба ҳайси сармураббӣ фаъолият дошт. Дар миёнаи мавсими футболи соли гузашта ӯ «Ҳосилот»-ро қабул кард ва бо даста медалҳои хурди тиллои лигаи якуми Тоҷикистонро соҳиб шуда, ба лигаи олии мамлакат роҳхат гирифт. Аммо баъд аз анҷоми мавсими футболи соли 2015 Ҳабибуллоев дастаро тарк кард.
Раиси клуби «Ҳосилот» Нурулло Маҳмудов, инчунин хабар дод, ки дар ниммаи дувуми чемпионати кишвар муҳофизатгари мунтахаби миллии Тоҷикистон Эраҷ Раҷабов ва ниммуҳофиз Ойбек Абдуғаффоров дар ҳайати «Ҳосилот» баромад хоҳанд кард. Эраҷ Раҷабов ниммаи аввали чемпионат дар ҳайати «Хайр»-и Ваҳдат ва Ойбек Абдуғаффоров бошад, дар ҳайати «Барқчӣ»-и Душанбе бозӣ карданд.