Мӯҳсин Муҳаммадиев: «Оғози нек – фоли нек» – Федерация Футбола Таджикистана

Мӯҳсин Муҳаммадиев: «Оғози нек – фоли нек»

Баъд аз бозии даври аввали Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)  дар гурӯҳи «D» бо ширкати дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва  «Дордой»-и Қирғизистон, ки бо натиҷаи 2:0 бо пирӯзии «Истиқлол» ба анҷом расид, нишасти матбуотӣ доир гашт.

Сармураббии дастаи «Истиқлол» Мӯҳсин Муҳаммадиев ба саволи хабарнигорон ҷавоб дода, гуфт: «Ғалаба дар бозии аввал- ин фоли нек аст. Дастаи Дордой ҳам бозии хуб нишон дод. Мо, ки ҳарифро хуб омӯхта будем, имкониятҳои худро истифода бурдем. Агар ҳама фурсатҳои голзанӣ истифода мешуданд, ҳисоб хеле калон мешуд. Ман ба бозингарон ташаккур мегӯям, ки бо тамоми ҳастӣ ҳунарнамоӣ карданд. Минатдории бепоёни худро ба мухлисон, ки дар ин бозӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд, мерасонам. Ҷаҳонгир Алиевро дар нимаи дуввум иваз карданамон аз он хотир буд, ки ӯ худро бад ҳис кард ва мо маҷбур будем, ки ӯро иваз кунем. Ромиш Ҷалилов аз ӯҳдаи бозӣ хуб баромад. Қобилияташ нишон медиҳад, ки ӯ бозингари ҳайати асосии даста аст ва на эҳтиётӣ. Баъд аз ду ҳафта Фарҳод Восиев ҳам, ба машқҳо фаро гирифта мешавад».

Фатҳулло Фатҳуллоев-капитани «Истиқлол»  дар ин нишасти матбуотии баъдибозӣ ба мухлисони футбол, ки ба Варизшгоҳи марказӣ омада буданд, изҳори ташаккур кард ва гуфт: «Мухлисон моро ба пеш мехонданд ва ин ғалаба бо саҳми онҳо ба даст омад. Боварӣ дорам, ки дар бозиҳои оянда шумораи онҳо боз ҳам бештар мегардад. Мо ҳам кӯшиш кардем, ки бозии хуби худро нишон диҳем. Агар  сад фоиз бозӣ накарда бошем ҳам, муҳим ғалаба буд ва он насиби мо гардид».

Ёдовар мешавем, ки 14-уми март дастаи «Истиқлол» дар Варзишгоҳи марказии пойтахт дар ҳузури 16,5 ҳазор мухлис бар «Дордой» -и Қирғизистон бо натиҷаи 2:0 ғалаба кард.

Добавить комментарий