Рӯзи шанбе, 4-уми март дар Варзишгоҳи шаҳри Ҳисор барои Суперҷоми Тоҷикистон миёни чемпиони феълӣ ва соҳиби Ҷоми Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе ва барандаи медалҳои нуқраи чемпионати мамлакат «Ҳосилот»-и Фархор вохӯрӣ баргузор мегардад. Аз ҳамин хотир имрӯз дар толори матбуотии ФФТ бо мураббиён ва бозингарони дастаҳо нишасти матбуотӣ гузаронида шуд.
Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе:
– Омодагиро ба мавсими нав мо аз моҳи декабр шурӯъ кардем. Марҳалаҳои тайёрӣ дар Душанбе ва Туркия гузаронида шуданд ва мо бо дастаҳои арзанда бозиҳои таҷрибавӣ барпо кардем. Баъдан дар бозиҳои финалии Ҷоми ФФТ иштирок намудем. Мутаассифона вазъи ҳаво ва бориши барф ба кори мо халал ворид кард. Солҳои зиёд чунин ҳаворо ёд надорем. Бачаҳо ба мавсими нави футбол омодаанд.
«Истиқлол» дар ин муддат ба ғайр аз футболбозони дастаи мунтахаби Тоҷикистон – Нуриддин Давронов, Ҷаҳонгир Эргашев ва Фарҳод Восиев боз бо ду легионер-муҳофизатгар Артём Барановский , ки дар клуби футболи «Олимп»-и Украина бозӣ мекард ва бо ҳамлагари рус Дмитрий Барков аз чемпионати Эстония шартномаи худро ба имзо расонид. Дар давраи омодагӣ боз як легионери дигар – Ристович бо мо буд, аммо маслиҳати мо дар бораи шартнома ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шуд. Фикр мекунам, ки дастаи мо ҳаматарафа ба мавсим омода аст.
Дар бораи бозии Суперҷом бо дастаи «Ҳосилот» гуфтаниам, ки «Ҳосилот» аз беҳтарин дастаҳои кишвар аст ва дар муқобили мо бозии арзанда нишон хоҳад дод. Дар назди мо мақсади ягона – танҳо ғалаба кардан гузошта шудааст. Бозии хубу ҷолибро интизорем, чун бозӣ дар варзишгоҳи нави шаҳри Ҳисор мегузарад, мухлисони зиёд ба варизишгоҳ хоҳанд омад.
Ҳар як бозии ниҳоӣ бисёр вазнину бесобиқа мегузарад, ба вазъи ҳаво нигоҳ накарда, бозӣ хеле шавқовар хоҳад гузашт.
– Дастаи шумо машқҳои худро дар Варзишгоҳи нави Ҳисор гузаронид, ҳолати майдон чи гуна аст?
– Аз сабаби вазъи номътадили ҳаво ҳолати майдон он қадар хуб нест ва пагоҳ ба бозӣ таъсиргузор хоҳад буд.
– Ба назари шумо барои «Дордой»-ро гузаштан ба дастаи «Ҳосилот» чӣ нарасид?
– Аз ҷониби худ ба бозии «Ҳосилот» баҳо доданро раво намебинам.
– «Истиқлол» ба мавсими нав чанд фоиз омода аст?
– Фикр мекунам, ки ҳатто Моуринйо барои ба ин савол ҷавоб додан душворӣ мекашад. Дастаи мо 85 фоиз ба мавсим омода аст.
Фатҳулло Фатҳуллоев, капитани дастаи «Истиқлол»:
– Мо ба мавсими нави футбол хеле хуб тайёр шудаем. Як ҳафта пеш Ҷоми ФФТ-ро ба даст овардем, кӯшиш мекунем, ки Суперҷомро низ аз худ намоем. «Ҳосилот» дастаи хуб аст ва баъди бохташ дар Ҷоми КФО ташнаи ғалаба мебошад. Аз пурқувват кардан ва тагйирот дар ҳайтаи даста хеле шодам. Фикр мекунам, ки бозингарони нав ба дастаи мо кумаки худро хоҳанд расонд.
Дар масъалаи майдони бозӣ дар шаҳри Ҳисор гуфтаниам, ки он қадар табъи дил нест, аммо ҳар ду даста дар ҳолати баробар қарор доранд.