Лигаи якуми Тоҷикистон: ғалабаи сеюми “Саройкамар” – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи якуми Тоҷикистон: ғалабаи сеюми “Саройкамар”

Рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта бозиҳои даври сеюми мусобиқаи Лигаи якуми Тоҷикистон баргузор шуданд. Баъд аз се давр “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ бо 9 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад.

Дар даври навбатӣ дастаи ноҳияи Панҷ дар меҳмонӣ бар “Коммуна”-и Фархор бо ҳисоби 2 бар 0 дастболо шуд. Ҳар ду голи “Саройкамар”-ро Хуршед Ямаков ба самар расонд.

Дастаи “Помир”-и Душанбе низ мависми имсолаи футболро хеле бобарор оғоз кард. Дар даври гузашта дружинаи Зайниддин Раҳимов дар майдони эҳтиёти Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бар “Зарафшон”-и Панҷакент бо ҳисоби 3 бар 0 пирӯзӣ ёфт. Ҳар се голи дастаи пойтахтро Шаҳром Самиев зад. Бояд қайд кард, ки дар ин бозӣ сардовар Акобир Файзуллозода ба бозигарони “Зарафшон” Раҳимҷон Шодимуродову Умед Маҳмудов ва инчунин ба муҳофизатгари “Помир” Манучеҳр Сафаров барои корти дуюми зард, корти сурх нишон дода, оҳоро аз бозӣ берун сохт. Баъди ин ғалба “Помир” бо ҳафт имтиёз ба зинаи дуюми ҷадвали мусобиқа баромад.

Бозии байни дастаҳои “Канд”-и Конибодом ва “Панҷшер”-и Балхӣ, ки дуввумӣ яке аз довталабони асосии медалҳои мусобиқаи имсола маҳсуб меёбад бо натиҷаи ғайриинтизор анҷом ёфт. Дастаи “Канд” дар ин бозӣ бо ҳисоби минималии 1 бар 0 ғолиб шуд. Голи ягонаро дар дақиқаи 86 бозигари “Панҷшер” Равшан Азизов ба дарвозаи дастаи худашон зад.

Аз натиҷаҳои дигари ин давр ғалабаи аввалини дастаи “Парвин”-ро бар “Ваҳдат” бо ҳисоби 2 бар 0 ва пирӯзии “Исфара”-ро дар меҳмонӣ бар “Ҳулбук” бо ҳисоби 2 бар 1 қайд мекунем. Вохӯрӣ миёни дастаҳои “Локомотив” ва “Чашма” мусовӣ ва бидуни гол анҷом ёфт.

 

Лигаи якуми Тоҷикистон. Даври 3-юм

«Коммуна» – «Саройкамар» – 0:2

Голҳо: Хуршед Ямаков, 6 (0:1). Хуршед Ямаков, 32 (0:2).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣХуршед Ямаков («Саройкамар»).

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе) – 7,4 хол.

Нозири бозӣ: Абдулло Алимов (Ҳамадонӣ).

1 май. Фархор. Варзишгоҳи марказӣ. 2000 тамошобинон.

 

«Парвин» – «Ваҳдат» – 2:0

ГолҳоСаидҷон Замонов, 30 (1:0). Анушервон Валиев, 65 (2:0).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣАнушервон Валиев («Парвин»).

Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа) – 8 хол.

Нозири бозӣСалоҳиддин Бухориев (Восе).

1 май. Бохтар. Варзишгоҳи «Наврӯзгоҳ». 1000 тамошобинон.

 

«Ҳулбук» – «Исфара» – 1:2

ГолҳоМаъруф Исломов, 14 (1:0). Шоҳмуҳаммад Бобоев, 55 (1:1). Осим Бобоев, 86 (1:2).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣМаъруф Исломов («Ҳулбук»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак) – 7 хол.

Нозири бозӣ: Султон Қосимов (Душанбе).

2 май. Восе. Варзишгоҳи марказӣ. 5000 тамошобинон.

 

«Канд» – «Панҷшер» – 1:0

Гол: Равшан Азизов, 86 – ба дарвозаи дастаи худ.

Аз майдон хориҷ шуд: Азиз Ҳамробоев («Канд»), 65 – барои қасдан задани бозигари дастаи ҳариф.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Шӯҳрат Иброҳимов («Канд»).

СардоварХуршед Дадобоев (Хуҷанд) – 7,6 хол.

Нозири бозӣРаҳмон Муртазоев (Душанбе).

2 май. Канибодом. Варзишгоҳи МВКН. 1800 тамошобинон.

 

«Локомотив» – «Чашма» – 0:0

Аз майдон хориҷ шуд: Расул Чоршанбиев («Чашма»), 17 – барои задани сардовари бозӣ.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣУмед Бадалов («Локомотив»).

Сардовар: Сафармаҳмад Шоймардонов (Хуросон) – 5,9 хол.

Нозири бозӣАбдураҳим Бобоев (Турсунзода).

2 май. Душанбе. Варзишгоҳи «Локомотив». 300 тамошобинон.

 

«Помир» – «Зарафшон» – 3:0

ГолҳоШаҳром Самиев, 29 (1:0). Шаҳром Самиев, 45+1 (2:0). Шаҳром Самиев, 59 (3:0).

Пеналтии амалинашудаДалер Ёдгоров («Помир»), 6 – дарвозабон.

Аз майдон хориҷ шуданд: Раҳимҷони Шодимурод («Зарафшон»), 63 – корти 2-юми зард., Манучеҳр Сафаров («Помир»), 79 – корти 2-юми зард., Умед Маҳмудов («Зарафшон»), 85 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣШаҳром Самиев («Помир»).

Сардовар: Акобир Файзуллозода (Душанбе) – 7 хол.

Норзири бозӣ: Эраҷ Носеҳов (Душанбе).

2 май. Душанбе. Майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказӣ. 200 тамошобинон.

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Саройкамар» (Панҷ) 3 3 0 0 6-1 9
2 «Помир» (Душанбе) 3 2 1 0 8-2 7
3 «Панҷшер» (Балхӣ) 3 2 0 1 3-2 6
4 «Чашма» (Шаҳритус) 3 1 1 1 6-3 4
5 «Ваҳдат» (Ваҳдат) 3 1 1 1 4-5 4
6 «Локомотив» (Душанбе) 3 1 1 1 3-4 4
7 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 2 1 0 1 3-2 3
8 «Ҳулбук» (Восе) 3 1 0 2 5-6 3
9 «Коммуна» (Фархор) 3 1 0 2 4-5 3
10 «Исфара» (Исфара) 2 1 0 1 3-4 3
11 «Парвин» (Бохтар) 2 1 0 1 3-4 3
12 «Канд» (Канибодом) 3 1 0 2 3-5 3
13 «Зарафшон» (Панҷакент) 3 0 0 3 2-8 0

Нишонзанҳо: Шаҳром Самиев («Помир») – 5 гол, Зиёдулло Одинаев («Локомотив»), Давлатмурод Наимов («Коммуна»), Фирдавси Зайнуллозода («Чашма») – 3 гол, Тоҳир Малодӯстов («Помир»), Адҳам Абдуллоев («Кӯктош»), Хуршед Ямаков («Саройкамар»), Ҷамолиддин Хуҷаев («Чашма»), Маъруф Исломов («Ҳулбук») – 2 голӣ.

 

Дар даври 4-ум вомехӯранд:

8 май (якшанбе)

Оғози бозиҳо соати 16:30

«Зарафшон» – «Парвин»

«Кӯктош» – «Ҳулбук»

9 май (душанбе)

Оғози бозиҳо соати 16:30

«Саройкамар» – «Помир»

«Чашма» – «Коммуна»

«Панҷшер» – «Локомотив»

«Исфара» – «Канд»

Добавить комментарий