КМВА «Помир» аз сармураббияш ҷудо шуд – Федерация Футбола Таджикистана

КМВА «Помир» аз сармураббияш ҷудо шуд

Сармураббии КМВА «Помир» Раҳматулло Фузайлов ба истеъфо гусел карда шуд. Клуби футболи мудофиачиёни пойтахтро ба ниммаи дувуми мавсими футболи имсола сарммураббии нав омода хоҳад кард.

Ба иттилои сардори КМВА «Помир» Хабир Давлатов сабаби асосии ба истъфо равон кардани Раҳматулло Фузайлов – баромади ғайриқаноатбахши даста дар ниммаи аввали чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ мебошад. Қабл аз шурӯъи чемпионат дар назди ситоди мураббиёни КМВА «Помир» вазифа гузошта шуда буд, ки даста ниммаи аввали чемпионатро дар зинаи сеюми ҷадвал ҷамъбаст намояд.

Қобили қайд аст, ки дар қисми якуми чемпионати футболи кишвар КМВА «Помир» 9 бозӣ гузаронд ва дар 4 бозӣ ғолиб, дар 4 бозӣ мағлуб шуда як бозиро мусовӣ анҷом дод. Айни ҳол дастаи мудофиачиён бо 13 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мақоми  шашумро ишғол мекунад ва нисбат ба «Вахш», ки дар зинаи сеюм қарор дорад, ҳамагӣ як имтиёз камтар дорад.

Ба гуфти Давлатов КМВА «Помир» ҳанӯз ҷойгузини Раҳматулло Фузайловро муайян накардаст ва Олим Қадамшоев муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сармураббии даста таъин шудаст.

Добавить комментарий