Клуби футболи «Истиқлол» 10 сола шуд! – Федерация Футбола Таджикистана

Клуби футболи «Истиқлол» 10 сола шуд!

Имсол клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе 10 сола мешавад!

Мависми футболи соли 2017 барои клуби футболи “Истиқлол” вежагиҳои худро дорад. Имсол клуби футболи пойтахт ҷашни 10-солагии фаъолияташро ботантана таҷлил хоҳад кард. Алоқамандона ба таҷлили ин санаи муҳим, дар давоми сол аз ҷониби клуби футболи пойтахт баргузории чорабиниҳои гуногун, ҳар гуна аксияҳои футболӣ, аз ҷумла бозиҳи дӯстонаи байналмилалӣ дар назар дошта шудаанд.

Аз соли таъсисёбии худ (2007) клуби футболи мо аз мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Душанбе оғоз карда, то бозии финалии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё омада расид. Дар давоми фаъолияти худ “Истиқлол” 5 маротиба унвони чемпиони Тоҷикистонро соҳиб гашта, шаш маротибагӣ барандаи Ҷом ва Суперҷоми мамлакат шуд. Соли 2011 “Истиқлол” барои бори аввал дар таърихи фаъолияти худ, дар Ҷоми Президенти АФК иштирок намуда, дар соли дуюми баромадаш (2012) ғолиби Ҷоми президенти АФК шуд.

Дар давоми ин фосилаи на чандон тӯлонӣ, сохтори клуб такмил ёфт, коргузории дохилӣ замонавӣ гардонида шуда, “Истиқлол” дар бонуфузтарин мусобиқаҳои байналмилалӣ шарафи футболи милиро ҳимоя намуд. Мусаллам аст, ки дар ин давра клуб оҳиставу бомаром пешрафту рушд карда, ба бурду бохт ва шодиву  ноумедиҳо низ рӯбарӯ гардид. Аммо, муҳимтар аз ҳама он аст, ки дар ин давра шумо мухлисони асили “Истиқлол” дар тамоми бурду бохт ва шодиву ноумедӣ бо Мо ҳампаҳлӯ будед. Мо барои ин аз шумо сипосгузорем ва кӯшиш мекунем, ки бо бозии хуб на танҳо дар мусобиқаҳои дохилӣ, балки дар сабқатҳои байналмилалӣ низ хотири шуморо болида гардонем.

Дар ин соли ҷашнӣ нақшаҳои мо хеле зиёданд ва мо ният дорем, ки дар якҷоягӣ чунин чорабиниҳоро роҳандозӣ намоем:

– мусобиқаи байналмилалӣ байни дастаҳои футболи кӯдакону наврасон:

– барои баргузори бозии дӯстона даъват намудани клуби футболи хориҷӣ,  аз ҷумла аз кишвари аврупоӣ.

Ёд дорӣ мухлиси гиромӣ, мо дар гузаштаи на чандон дур клубҳои машҳури аврупоии “Шалке-04”, “Хассен- Касел” (Олмон), “Газовик” ва “Локомотив”  (Русия) –ро ба Тоҷикистон даъват кардем ва боварӣ дорем, ки тамошои ин бозиҳо то ҳанӯз аз хотири шумо мухлисони азизи “Истиқлол” нарафтааст. Имсол бошад, мо ният дорем, ки яке аз беҳтарин клубҳои футболи ҳамсоякишвари  ба мо дӯсту бародари Узбекистон ва як клуби Аврупоии иштирокчии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои  УЕФАро ба Душанбе биёрем.

Чун анъана, дар ин соли ҷашнӣ низ панҷумин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми Клуби футболи “Истиқлол” бо ҷоизапулии сазовор ташкилу баргузор гардонида мешавад.

Соли 2015 “Истиқлол” дар соли аввалини баромадаш дар Ҷоми АФК, ки аз лиҳози моҳият дувумин мусобиқаи бошгоҳӣ дар Осиё шинохта мешавад, то бозии финалӣ расида, шукӯҳу шаҳомати футболи миллиро баланд бардошт. Алоқамандона ба иштироки бомуваффақияти “Истиқлол” дар ин мусобиқаҳои бошукӯҳ дӯстдорони футболи ватанӣ имкон пайдо карданд, ки бозии беҳтарин дастаҳои футболи осиёиро аз наздик тамошо кунанд.

Бояд қайд намуд, ки дар тамоми дастовардҳои “Истиқлол” саҳми мухлисони сершумори даста калону назаррас аст. Маҳз бо дастгирии бевоситаи онҳо футболбозони клуби футболи пойтахт муваффақ шуданд, ки бозии хуб нишон дода, дастовардҳои баланди варзиширо соҳӣб шаванд. Ҳазорон нафар дар дохилу хориҷи кишвар “Истиқлол”-ро дастгирӣ мекунанд. Ва даста ба ҳамаи онҳо эҳтиром қоил буда, барои ҳар яки онҳбозӣ мекунад. Дар мавсими имсола клуби футболи мо барои бори сеюм дар Ҷоми АФК иштирок мекунад ва дар назди даста вазифаҳи хеле баланд гузошта шуданд.

Дӯстони азиз ва мухлисони ҳақиқии мо! Вақте ки мо вориди майдон мешавем, дастгирии шуморо пурра ва бевосита эҳсос мекунем, зеро шумо як ҷузъи ҷудонашавандаи дастаи мо ҳастед. Ҳамарӯза тавассути садову симо ва ВАО оиди футбол матлабҳо нашр шудаву барномаҳо намоиш дода мешаванд. Сипосгузорем, ки дар ҳама мавридҳо шумо мухлисони азиз бо мо ҳастед. Изҳори миннатдорӣ аз он мекунем, ки новобаста ба боду борон ва гармову сармо ҳамеша шумо ба варзишгоҳ омада моро ҳаводорӣ мекунед. Мо умеду боварӣ дорем, ки якҷоя будем ва ҳамроҳ мемонем. Зеро дар якҷоягӣ тамоми мушкилиҳо бароямон осон мешаванд. Варзиш, аз ҷумла футбол дар тамоми ҷаҳон муаррифкунандаи давлату Миллат аст!

Биёед, парчами футболи Тоҷикро боз ҳам баландтар бардорем!

“Истиқлол”, ба пеш, ба сӯи ғалабаҳои нав!!!

 

Дастовардҳо:
Чемпиони Тоҷикистон (5): 2010, 2011, 2014, 2015, 2016
Барандаи медалҳои нуқра (1): 2013
Барандаи медалҳои биринҷӣ (1): 2012
Ғолиби Суперҷоми Тоҷикистон (6): 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016
Ғолиби Ҷоми Тоҷикистон (6): 2009, 2010, 2013, 2014, 2015, 2016
Барандаи Ҷоми Президенти АФК (1): 2012
Ғолиби Ҷоми ФФТ (2): 2014, 2015
Финалисти Ҷоми АФК (1): 2015
Чемпиони Душанбе (1): 2007
Ғолиби Лигаи якуми Тоҷикистон (1): 2008
Барандаи Ҷоми «Баҳористон» (2): 2014, 2015

Добавить комментарий