«Истиқлол» трансфери тобистонаро оғоз кард – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» трансфери тобистонаро оғоз кард

Чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе трансфери тобистонаро оғоз карда, се нафар футболбозони ҷавони мунтахаби миллии Тоҷикистонро, ки ниммаи аввали чемпионатро дар «Барқ» гузарониданд, дар ҳайати худ номнавис кард.

Инҳо муҳофизатгарон Амирбек Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир ва ниммуҳофиз Эҳсони Панҷшанбе мебошанд. Ҳар сеи ин  бозигарон, ки  дар ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон, дар бозиҳои плей-оффи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 муқобили мунтахаби Бангладеш иштирок карданд, аллакай ба ҳайати «Истиқлол» пайваст шуда, ба бозии байналмилалии дӯстона бо «Локомотив»-и Москва (26 июн) тайёрӣ мебинанд.

Добавить комментарий