“Истиқлол” шаш карат барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд – Федерация Футбола Таджикистана

“Истиқлол” шаш карат барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Дар ҷумҳурӣ мавсими нави футбол чун анъана бо бозӣ барои дарёфти Суперҷоми Тоҷикистон оғоз шуд. Бозӣ рӯзи 3 апрел дар Варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода бо ҳузури 4000 тамошобин баргузор гардид. Дар ин бозӣ чемпиони феълӣ ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2015  “Истиқлол”-и Душанбе бар барандаи медалҳои нуқраи чемпионати соли 2015 “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард.

Ҳисобро дар дақиқаи 13-уми вохӯрӣ ҳамлагари “Истиқлол”, легионери украинӣ Александр Каблаш боз кард. Баъди ҳафт дақиқа ба ном соҳибони майдон дар ҷаримагоҳи худ қоидаи бозиро вайрон карданд ва сардоварӣ вохӯрӣ Насрулло Кабиров аз Норак ба дарвозаи “Истиқлол” ҷаримаи пеналтӣ таъин кард. Ҳамлагари “Хуҷанд” Фарҳод Тоҳиров зарбаи пеналтиро бе хато ба самар расонида, ҳисоби бозиро баробар кард. Аммо баробарӣ дар бозӣ дер давом накард ва ҳамагӣ баъд аз як дақиқа ҳимоятгари “Истиқлол” Давронҷон Эргашев аз масофаи дур зарба зад ва дарвозабони дастаи соҳили Сирдарё Муминҷон Гадойбоев нобоварона бозӣ карда, тӯбро дошта натавонист. Қисми аввали вохӯрӣ бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи “Истиқлол” анҷом ёфт.

Баъди танаффус дар майдон мубориза боз ҳам шиддат гирифт. БаДилшод Каримов, бозигари хуҷандиҳо, дар дақиқаи 73-юм муяссар шуд, ки ҳисобро баробар намояд. Голи севум ва ҳалкунандаи ин бозиро боз ҳам Александр Каблаш ҳашт дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ ба ҳадаф расонд. Дарвоқеъ Каблаш, ки бозигари беҳтарини ин бозӣ дониста шуд, бо ҷоизаи Федератсияи футболи Тоҷикистон сарфароз гашт. Ба ин тартиб, “Истицлол” бори шашум Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст даровард.

Дар маросими супурдани ҷоизаҳо, ибтидо менеҷери Лигаи миллии футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ба доварони ин бозӣ тӯҳфаҳои хотиравии Федератсияи футболи Тоҷикистонро тақдим намуд. Баъдан медалҳои нуқраи Суперҷом ба дастаи “Хуҷанд” ва медалҳои тилло ба дастаи “Истиқлол” эҳдо шуд. Дар поёни ин маросим ноиби аввали президенти ФФТ Хуршед Файзуллозода Суперҷоми Тоҷикистонро ба капитани “Истиқлол” Нуриддин Давронов супурд.

 

Суперҷоми Тоҷикистон-2016

«Истиқлол» – «Хуҷанд» – 3:2

Голҳо: Александр Каблаш, 13 (1:0). Фарҳод Тоҳиров, 20 – аз пеналти (1:1). Давронҷон Эргашев, 21 (2:1). Дилшод Каримов, 73 (2:2). Александр Каблаш, 82 (3:2).

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Давронҷон Эргашев, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Нуриддин Давронов (Сиёвуш Асроров, 46), Парвизҷон Умарбоев, Ҷаҳонгир Алиев (Фатҳулло Фатҳуллоев, 88), Александр Каблаш, Акмал Холматов (Нозим Бобоҷонов, 62), Петро Ковалчук, Фаридун Шарипов (Манучеҳр Ҷалилов, 77), Дилшод Восиев.

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Муминҷон Гадойбоев, Соҳибҷон Ҳакимов, Манучеҳр Ахмедов, Шероз Сангинов (Саидҷон Шарипов, 61), Илҳом Баротов (Абдумалик Шодиев, 90), Ҳоҷибой Зиёев, Дилшод Каримов, Руслан Раҳматов, Шероз Абдуллоев, Фарҳод Тоҳиров, Дилшод Бозоров (Марифҷон Марифбоев, 64).

Огоҳонида шуданд: Давронҷон Эргашев, Александр Каблаш («Истиқлол»), Шероз Сангинов, Саидҷон Шарипов, Дилшод Каримов («Хуҷанд»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Александр Каблаш («Истиқлол»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Нозири доварон: Анваршо Мирзоев (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Шавкат Ахмедов (Душанбе).

3 апрел. Турсунзода. Варзишгоҳи «Металлург». 4000 тамошобинон.

Добавить комментарий