«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ»: нишасти хабарии баъд аз бозӣ – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ»: нишасти хабарии баъд аз бозӣ

Баъд аз анҷоми бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон миёни «Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» нишасти хабарӣ бо иштироки сармураббиёни дастаҳо доир шуд. Ёдрас мешавем, ки бозии ҳалкунандаи Ҷоми миллӣ рӯзи шанбеи 28 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар ҳузури 3500 нафар тамошобинон доир гашт. Вақти асосии вохӯрӣ мусовӣ ва бидуни гол анҷом ёфт. Дар ду қисми 15 дақиқагии иловагӣ дастаҳо ба дарвозаи ҳамдигарӣ ду голи заданд. Дар зарбаҳои пеналтӣ бошад, бахти футболбозони пойтахт хандид, ва бо ҳисоби 6 бар 5 ғолиб шуда, барои бори панҷум Ҷоми Тоҷикистонро ба даст дороварданд.

 

Мубин ЭРГАШЕВ, сармураббии  «Истиқлол»:

– Бозӣ бисёр муракабу мушкил шуд. Бозигарони «Регар-ТадАЗ» кӯшиш карданд ва бисёр мехостанд, ки дар ин бозӣ ғалаба кунанд. Ба ман бештар бозии хуби дарвозабони «Регар-ТадАЗ» Алишер Додов писанд омад. Мутаассифона бачаҳои мо андаке бепарвоёна бозӣ карданд. Имкониятҳоро барои голзанӣ доштем ва дар вақти асосии бозӣ ҳам метавонистем, ки ба задани гол муваффқ шавем. Ман хурсандам, ки дастаи мо ҷоизаи навбатиро соҳиб шуд. Мехостам ба роҳбарону  бозигарон ва ба ҳаммаи ҳайати хизматрасони бошгоҳамон барои  ин мавсими бобарор изҳори сипосгузорӣ намоям. Имсол низ дар сабқатҳои дохилӣ мо натиҷаҳои соли гузаштаамонро соҳиб шудем. Ин далели он аст, ки аҳли бошгоҳ хуб заҳмат кашиданд. Аммо, дардовар аст, ки дар сабқати асосӣ – Ҷоми КФО, мо ғолиб шуда натавонистем.

_DSC9649 

Алишер ҲАҚБЕРДИЕВ, сармураббии «Регар-ТадАЗ»:

– Пеш аз ҳама мехоҳам «Истиқлол»-ро ба муносибати ғлаба дар чемпионат ва ҳам ба даст даровардани Ҷоми Тоҷикистон табрик кунам. Ба даста дар мавсими соли оянда барору комёбиҳоро тамманно дорам. Дар бораи бозӣ бошад, ҳаминро гуфтаниям, ки ман аз дастаи худ, аз бачаҳои худ ифтихор мекунам. Ба ҳар яки онҳо барои худфидоияшон дар ин бозӣ ва дар маҷму дар бозиҳои мавсими имсола сипосгузорам. «Истиқлол» бисёр дастаи пурқувват аст. Дар ҳама мавқеҳо бозигарони хуб дорад. Муқобили чунин даста дар футболи кушод бозӣ намекунанд. Имрӯз низ мо бозиро аз муҳофизат оғоз карда, дар лаҳзаҳои зарурӣ ба ҳуҷум гузаштем. «Истиқлол» бартарият дошт, аммо дар вақти асосӣ ва изофӣ мо баробар бозӣ кардем. Зарбаҳои пеналти бошанд, ба бозии лоторея шабоҳат доранд. Ба мо барои ғолиб шудан, андаке таҷриба нарасид.

Добавить комментарий