«Истиқлол» пеш аз мӯҳлат ба финали Ҷоми КФО-2015 баромад! – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» пеш аз мӯҳлат ба финали Ҷоми КФО-2015 баромад!

Бозии финалии Ҷоми КФО-2015 рӯзи 31-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад. Ин хабар баъди аз ҷониби ФИФА барканор кардани Ассотсиатсия футболи Кувайт аз ҳамаи мусобиқаҳои байналхалқӣ маълум шуд.

Сабаби дисквалификатсияи шудани Кувейт ин ба кори созмони футболии ин кишвар дахолат кардани ҳукуматдоронаш аст. «Дисквалификатсия он вақт аз ин кишвар бардошта мешавад, ки ассотсиатсия ва клубҳо фаъолияти худро мустақилона ба роҳ монанд», – гуфта мешавад дар ҳуҷҷати ФИФА.

Аз сабаби ин маҳрумият дастаҳои мунтахаби футболи Кувейт ва клубҳои футболаш наметавонанд, ки дар мусобиқаҳои зери мушоияти ФИФА ва КФО ширкат кунанд.

Клубҳои ин кишвар дар вохӯриҳои ҷавобии нимфинали Ҷоми КФО бояд ширкат мекарданд. «Ал-Қадсия» бо «Ҷохор Дорул Такзим» (Малайзия) ва «Кувейт» бо «Истиқлол» (Тоҷикистон) 20-21-уми вохӯрӣ доштанд, ин бозиҳо манъ карда шуданд.

Ҳамин тавр, клуби «Истиқлол», ки дар вохӯрии якуми нимфинал дар сафар бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрда буд, пеш аз мӯҳлат ба финал баромад ва бо дастаи «Ҷохор Дорул Такзим» 31-уми октябр дар Душанбе барои ҷом мубориза мебарад.

Добавить комментарий