“Истиқлол” – “Паҳанг”: нишасти хабарии пеш аз бозӣ – Федерация Футбола Таджикистана

“Истиқлол” – “Паҳанг”: нишасти хабарии пеш аз бозӣ

Ба таваҷҷӯҳи рӯзноманигорон! Пагоҳ, 25-уми август, дар арафаи бозии марҳилаи 1/4 ниҳоии Ҷоми КФО-2015 байни чемпиони секаратаи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе ва “Паҳанг”-и Малайзия  нишасти хабарии пеш аз бозӣ доир мешавад.

Нишасти хабарӣ дар меҳмонхонаи “Хаятт Риҷенси Душанбе” (конфронс толори Брюссел, ошёнаи 1-ум) баргузор хоҳад шуд. Ба суолҳои рӯзноманигорон сармураббиёни “Истиқлол” ва “Ал-Ваҳда”  мутаносибан Мубин Эргашев ва Зайнал Абидин Ҳасан посух медиҳанд. Ҳамаи кормандони ВАО- ро барои иштирок дар ин нишасти хабарӣ даъват менамоем. Оғози нишасти хабарӣ соати 11:00.

Барои маълумоти муфассалтар метавонед бо телефонҳои 911100014, 918667387 (Фаридун Солиев) ва 987351111 (Рустам Ҳакимов) дар тамос шавед.

Добавить комментарий