“Истиқлол” – “Олтин Асир”: нишасти хабарии пеш аз бозӣ пагоҳ доир мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

“Истиқлол” – “Олтин Асир”: нишасти хабарии пеш аз бозӣ пагоҳ доир мешавад

Ба таваҷӯҳи хабарнигорон! Пагоҳ, 30 май, соати 11:00 дар конфронс-толори “Брюссел”-и меҳмонсарои “Хаятт Риҷенси Душанбе” дар арафаи баргузории бозии даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 дар гурӯҳи “D” байни дастаҳои футболи “Истиқлол” (Тоҷикистон) – “Олтин Асир” (Туркманистон) нишасти хабарӣ доир мешавад.

Дар нишасти хабарӣ сармураббиёни “Истиқлол” ва “Олтин Асир” – Муҳсин Муҳаммадиев ва Язгули Хоҷагелдиев бо як нафари бозингарони худ иштирок хоҳанд кард.

Барои малумоти иловагӣ метавонед бо телефонҳои 911100014, 918667387 (Фаридун Салиев) ё 987351111 (Рустам Ҳакимов) дар тамос шавед.

Добавить комментарий