“Истиқлол” – “Нафит Ал-Васат”: пагоҳ нишасти хабарии пеш аз бозӣ – Федерация Футбола Таджикистана

“Истиқлол” – “Нафит Ал-Васат”: пагоҳ нишасти хабарии пеш аз бозӣ

Ба таваҷҷӯҳи намояндагони ВАО! Пагоҳ, 11 апрел, соати 11:30 дар меҳмонхонаи «Хаятт Риҷенси Душанбе» (конфронс-толори Брюссел) нишасти хабарии пеш аз бозии даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 байни дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ) доир мегардад.

Ба суолҳои хабарнигорон сармураббиёни дастаҳо ҷавоб медиҳанд. Ба нишасти хабарӣ инчунин як нафарӣ бозигарони дастаҳо низ даъват мешаванд.

Пас аз анҷоми нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорони аккредитатсияшуда бейҷикҳо тақсим карда мешаванд.

Барои маълумоти комилтар метавонед бо телефонҳои 911100014, 918667387 (Фаридун Салиев), 987351111, 989086363 (Рустам Ҳакимов) дар тамос шавед.

Добавить комментарий