“Истиқлол” – “Локомотив”: нишасти хабарӣ дар меҳмонхонаи “Сирена” мегузарад – Федерация Футбола Таджикистана

“Истиқлол” – “Локомотив”: нишасти хабарӣ дар меҳмонхонаи “Сирена” мегузарад

Ба таваҷҷӯҳи намояндагони ВАО!!! Рӯзи якшанбеи 26-уми июн, соати 11.00 дар меҳмонхонаи «Сирена» нишасти хабарии пеш аз бозии дӯстонаи байналмилалӣ байни дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе) – «Локомотив» (Москва) доир мегардад.

Ба суолҳои хабарнигорон сармураббиёни дастаҳо Мубин Эргашев ва Игор Черевченко ҷавоб медиҳанд. Ба нишасти хабарӣ инчунин як нафарӣ бозигарони дастаҳо низ даъват мешаванд.

Барои маълумоти комилтар метавонед бо телефонҳои 911100014, 918667387 (Фаридун Салиев), 987351111, 989086363 (Рустам Ҳакимов) дар тамос шавед.

Ҳайати намояндагии «Локомотив»-и Москва рӯзи шанбеи 25-уми июн, соати 18:00 ба Душанбе меояд.

Добавить комментарий