«Истиқлол»-и Душанбе – командаи сол дар Тоҷикистон – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол»-и Душанбе – командаи сол дар Тоҷикистон

Ассотсиатсияи хабарнигорони варзиши Тоҷикистон бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанберо командаи сол дар кишвар номбар кард. Бошгоҳи футболи пойтахт дар соли аввалини баромадаш дар Ҷоми КФО-2015 соҳиби роҳхати бозии финалӣ шуд.

Ба ин унвони баланди фахрӣ, бошгоҳи футболи шаҳри Душанбе барои баромади бомуваффақияти худ дар сабқатҳои дохилӣ ва байналмилалӣ сазовор дониста шуд. Дар соли ҷамъбаст шуда истода, «Истиқлол» чор ҷоиза – Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон, Суперҷом, Ҷоми миллӣ ва Ҷоми чемпионати футболи кишварро соҳиб шуд. Дар баробари ин, «Истиқлол»-и пойтахт дар соли аввали баромади худ дар дуввумин сабқати бошгоҳии осиёӣ – Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё соҳиби роҳхати бозии финалӣ шуд.

Ба иттилои прзиденти Ассотсиатсияи хабарнигорони варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латипов аз рӯи натоиҷи ҷамъбасти соли 2015 гурзандоз Дилшод Назаров беҳтарин варзишгари сол дар кишвар эътироф шуд. Дилшод Назаров соли ҷорӣ дар чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар Пекин барандаи медали нуқра гардид.

«Дар мавсими соли 2015 аз миёни варзишкорони тоҷик танҳо Дилшод Назаров муваффақ шуд, ки дар чемпионати ҷаҳон аз рӯи навъи варзиши олимпӣ соҳиби медал гардад. Инчунин, Дилшод Назаров аз Тоҷикистон ягона варзишгарест, ки дар чемпионати Осиё дар Ухани Хитой сазовори медали тилло шуда, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ба Рио-де-Жанейрои Бразилия шудааст. Дар соли анҷомшуда истода Дилшод Назаров якчанд маротиба ғолиб ва ҷоизадори сабқатҳои байналмилалии серияии  «IAAF Hammer Throw Challenge» низ шудааст»,- қайд намуд Нарзулло Латипов дар вохӯрӣ бо хабарнигорон, ки рӯзи 19 декабр дар маҷлисгоҳи Кумитаи Миллии Олимпии Тоҷикистон доир шуд.

Ба даҳгонаи беҳтарин варзишгарони сол инчунин дзюдочиён Комроншоҳ  Устопириён (90 кг) ва Саидҷалол  Саидов (100 кг), гӯштини тарзи классикӣ Муродҷон Тӯйчиев (130 кг), гӯштини тарзи озод Фарҳод  Анақулов (125 кг), боксчиён Ҷаҳон Қурбонов (91 кг),  Мавзуна Чориева (60 кг) ва Шоира Зулқайнарова (64 кг), самбочӣ Акмалиддин Каримов (57 кг) ва гӯштини камарбандӣ Хуршед Шарипов (90 кг) шомил шуданд.

Назрулло Латипов қайд карданд, ки дар овоздиҳӣ барои муайян намудани беҳтарин варзишгари сол 70 нафар хабарнигорони нашрияҳои мухталиф ва телевизону агентиҳои хабарӣ ширкат карданд.

Ёдрас мешавем, ки дар Кумитаи Миллии Олимпии Тоҷикистон имрӯз машғулиятҳо барои хабарнигорони варзиш мувофиқи барномаи ҳамбастагии олимпӣ баргузор шуд. Семинар дар шакли «посухҳо ба саволҳо» сурат гирифт. Мавзуҳо ба таври гуногун муҳокима шуданд.  Дар семинар ҳамчунин китоби президенти Ассотсиатсияи журналистони варзиш Нарзулло Латипов “Эмомалӣ Раҳмон: Саломатии миллат сарвати бебаҳост” муаррифӣ шуд. Он гуна, ки худи муаллиф нақл кард, китоб моҳи октябри соли ҷорӣ дар нашриёти «Андалеб» бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар ҳаҷми 495 саҳифа ба нашр расид. Дар ин китоб ҳамаи суханрониҳо, паёмҳо ва баёнияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳангоми вохӯрӣ ва мулоқотҳо  бо мардуми тамоми минтақаҳои кишвар, ҷавонон, беҳтарин варзишгарон ва мураббиён, кормандони соҳаи саноат, роҳбарони созмонҳои варзишӣ ва байналмилалӣ барои дар давраи аз соли 1997 то соли 2015 таҷассум шуданд.

Дар китоб оиди дастовардҳои варзишкорони тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ, чемпионатҳои ҷаҳону Осиё ва инчунин сохтану бозсозӣ шудани иншоотҳои варзишӣ дар замони соҳибистиқлолиятии Тоҷикистон низ сухан меравад.

Добавить комментарий