“Истиқлол” фурӯши билетҳоро ба бозӣ бо “Нафит Ал-Васат” оғоз намуд – Федерация Футбола Таджикистана

“Истиқлол” фурӯши билетҳоро ба бозӣ бо “Нафит Ал-Васат” оғоз намуд

Клуби футболи “Истиқлол”-и Душанбе фурӯши билетҳоро ба бозии даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 муқобили чемпиони феълии Ироқ клуби “Нафит Ал-Васат” оғоз намуд. Бозӣ рӯзи 12 апрел, соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мешавад.

Ба иттилои сомонаи расмии клуби футболи пойтахт билетҳои тамошои ин бозиро аз хазинаҳои билетфурӯшии Варзишгоҳи марказӣ ва мағозаи бошгоҳии “Joma” метавон харидорӣ намуд. Нархи як билет барои сарнишастгоҳи варзишгоҳ (ғарбӣ) 20 сомонӣ ва барои се тарафи дигар – (ҷанубӣ, шарқӣ, шимолӣ) 10 сомонӣ муқаррар шудаст.

Баъд аз анҷоми вохӯрӣ байни мухлисон аз рӯи билетҳои даромад бозии лотореяи варзишӣ доир мешавад. Толеъбаландон метавонанд соҳиби бурди се адад смартфонҳо “Samsung Galaxy” шаванд.

Ёдрас мешавем, ки бозии “Истиқлол” – “Нафт Ал-Васат” рӯзи 12 апрел, соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мешавад.

Ҳамаи мухлисонро ба тамошои бозӣ ва ба дастгирии чемпиони мамлакат даъват менамоем!!! Мо дар якҷоягӣ қувваи бузургем ва албатта ба ҳадафҳои ниҳоии худ мерасем!!!

Добавить комментарий