«Истиқлол» дар Тошканд ду бозии санҷишӣ мегузаронад – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» дар Тошканд ду бозии санҷишӣ мегузаронад

Чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе, дар доираи омодагӣ ба мавсими нави футбол,  бо бошгоҳҳои футболи «Алмалик» ва «Нефтчӣ»-и  Узбекистон, ду бозии санҷишӣ мегузаронад. Бозиҳо дар варзишгоҳи Академияи футболи бошгоҳи «Бунёдкор» дар Тошканд доир хоҳанд шуд.

Ба иттилои сомонаи расмии бошгоҳи футболи пойтахт бозӣ бо «Алмалик» рӯзи 19 январ ва бозӣ бо чемпиони панҷкаратаи Узбекистон «Нефтчӣ» рӯзи 22 январ доир мешаванд. Ҳар ду бозӣ дар варзишгоҳи Академияи футболи бошгоҳи «Бунёдкор» -и Тошканд баргузор мешаванд. Ба ин вохӯриҳо «Истиқлол» дар рӯзҳои баргузории бозиҳо аз Қайроққум сафар мекунад.

Қобили қайд аст, ки дар мавсими соли гузашта, «Алмалик» дар чемпионати Узбекистон зинаи шашум ва «Нефтчӣ» бошад, мақом панҷумро ишғол карданд.

Дар доираи баргузории ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ дар Қайроққум «Истиқлол» рӯзҳои 12 ва 15 январ бо витсе-чемпиони мамлакат «Хуҷанд»-и Хуҷанд низ бозиҳои санҷишӣ мегузаронад. Ёдовар мешавем, ки дастаи соҳили Сирдарё рӯзи 9 феврал дар бозии плей-оффи Ҷоми АФК-2016 бо «Аҳлӣ Ал Халил»-и Фаластин бозӣ мекунад.

 

Бозиҳои санҷишии «Истиқлол»

12 январ (сешанбе)

Оғоз соати 15:00

«Истиқлол» – «Хуҷанд»

Қайроққум, варзишгоҳи «Бонки миллӣ»

 

15 январ (ҷумъа)

Оғоз соати 15:00

«Хуҷанд» – «Истиқлол»

Қайроққум, варзишгоҳи «Бонки миллӣ»

 

19 январ (сешанбе)

Оғоз соати 15:00

«Алмалик» – «Истиқлол»

Тошканд, варзишгоҳи Академияи «Бунёдкор»

 

22 январ (ҷумъа)

Оғоз соати 15:00

«Нефтчи» – «Истиқлол»

Тошканд, варзишгоҳи Академияи «Бунёдкор»

Добавить комментарий