«Истиқлол» бо бозигарони нав қарордод ба тасвиб расонд – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» бо бозигарони нав қарордод ба тасвиб расонд

Бошгоҳи футболи «Истиқлол», ки моҳи феврали соли ҷорӣ дар Ҷоми КФО баромадашро оғоз мекунад, бо чор нафар бозигарони ҷавон шартнома ба тасвиб расонд.

Чемпиони феълии Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе, имрӯз, 11 январ, расман бо чор нафар бозигарони ҷавон қарордод ба имзо расонд. Мақсад аз ҷалб намудани бозигарони ҷавонон ба ҳайати даста, ҷавон сохтани ҳайат ва тарбияи бозигарони хуб барои мунтахаби миллии Тоҷикистон мебошад. Бозигарони нави «Истиқлол» узви мунтахабҳои ҷавонон ва миллии Тоҷикистон ҳамлагар Ҷаҳонгир Алиев («Хуҷанд»), ниммуҳофизатгарон Нозим Бобоҷонов ва Фаридун Шарипов (ҳар ду аз «Регар-ТадАЗ») ва дарвозабон Эмомалӣ Сониев мебошанд. Эмомалӣ Сониев қаблан низ дар ҳайати «Истиқлол» бозӣ карда, мавсими соли гузаштаро бо қарордоди иҷоравӣ дар ҳайати «Барқи тоҷик» гузаронд. Бошгоҳи футболи пойтахт бо ҳар чори ин бозигарон қарордоди ба муҳлати се сол ба тасвиб расонд. Айни ҳол ин бозигарон дар ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон ба мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2016 омодагӣ мегиранд. Ин бозигарон баъд аз анҷоми Ҷоми Иттиҳод-2016 ба ҳайати «Истиқлол» пайваст мешаванд.

Добавить комментарий