“Истиқлол” ба нимфинали Ҷоми КФО-2015 баромад! – Федерация Футбола Таджикистана

“Истиқлол” ба нимфинали Ҷоми КФО-2015 баромад!

Чемпиони секаратаи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе ба марҳилаи чорякфинали Ҷоми КФО роҳхат гирифт. Дар бозии ҷавобӣ чемпиони мо аз “Паҳанг”-и Малайзия бо ҳисоби 3 бар 1 мағлуб шуд, аммо аз рӯи натиҷаи ду бозӣ (5:3) ба нимфинали ин сабқати бонуфузи байналмилалӣ, ки дар Конфедератсияи футболи Осиё аз рӯи дараҷабандӣ баъди лигаи чемпионҳо дуюмин маҳсуб меёбад, роҳхат гирифт.

Акнун, “Истиқлол” дар нимфинали Ҷоми АФК-2015 бо бошгоҳи футболи СК “Кувайт”-и Кувайт рақобат мекунад. Бозии аввали худро чемпиони феълии Тоҷикистон рӯзи 30 сентябр дар Кувайт мегузаронад. Бозии ҷавобӣ рӯзи 21 октябр дар Душанбе доир хоҳад шуд.

Дар бозии дигари нимфиналӣ “Ал-Қадсия”-и Кувайт бо “Ҷоҳор Доруд Такзим”-и Малайзия бозӣ мекунанд. Бозии аввали ин дастаҳо рӯзи 29 сентябр дар Кувайт ва бозии ҷавобӣ рӯзи 20 октябр дар Малайзия баргузор мешавад.

Ҷоми АФК-2015

1/4 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

«Паҳанг» (Малайзия) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – 3:1

Бозии якум – 0:4.

 

«Саут Чайна» (Гонконг) — «Ҷаҳор Дорул Такзим» (Малайзия) – 1:3

Бозии аввал – 1:1.

 

«Ал-Ҷайш» (Сурия) – «Ал-Қадсия» (Кувейт) – 2:0

Бозии якум – 0:3.

 

«Китчи» (Гонконг) – СК «Кувайт» (Кувайт) – 1:1

Бозии аввал – 0:6.

 

1/2 финал. Бозиҳои якум

29 сентябр (сешанбе)

«Ал-Қадсия» (Кувайт) – «Ҷоҳор Дорул Такзим» (Малайзия)

30 сентябр (чоршанбе)

СК «Кувайт» (Кувайт) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

 

1/2 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

20 октябр (сешанбе)

«Ҷоҳор Дорул Такзим» (Малайзия) – «Ал-Қадсия» (Кувайт)

21 октябр (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – СК «Кувайт» (Кувайт)

Добавить комментарий