“Истиқлол” ба мухлисонаш сипосгузорӣ намуд – Федерация Футбола Таджикистана

“Истиқлол” ба мухлисонаш сипосгузорӣ намуд

Бошҳгоҳи футболи “Истиқлол”-и Душанбе баъди ғалаба бо ҳисоби бузурги 4 бар 0 бар “Паҳанг”-и Малайзия, дар бозии аввали марҳилаи чорякниҳоии Ҷоми КФО-2015, тавассути торнамои расмии худ ба мухлисонаш барои дастгирияшон изҳори сипосгузории самимонаи худро баён намуд.

“Бошгоҳи футболи “Истиқлол” аз номи роҳбарият, ситоди мураббиён, футболбозон ва ҳаамаи кормандони худ ба шумо мухлисони азиз барои дастгириятон дар бозии якуми чорякниҳоии Ҷоми КФО-2015 бо “Паҳанг”-и Малайзия изҳори сипосгузорӣ менамояд! Мо аз ҳамаи он мухлисоне, ки ба варзишгоҳ барои  дастгириямон омаданд, сипосгузорем! Ташаккури зиёд ба шумо мухлисони азиз барои ҷонибдории боинтизомонаатон. Мо дастгирии шуморо дар давоми 90 дақиқаи бозӣ эҳсос намудем. Будани шумо дар варзишгоҳ ба мо нерӯи нав бахшид. Маҳз бо дастгирии Шумо “Истиқлол” ба чунин ғалабаи калон ноил шуд. Ташаккур барои бовариатон ба дастаи мо ва ба ояндаи футболи Тоҷик!!!”, – менависад торнамои расмии бошгоҳи футболи пойтахт.

Добавить комментарий